Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

тафаккури ҷомеашиноси амрикоӣ Самюэл Ҳантингтон буд. Инак, андешаи Тоффлерро ин ҷо баррасӣ мекунем: “Истидлоли баҳсбарангез ва он чи ки усулан баҳсбарангез нест, ба ҳамон андоза маҳсул ва аслиҳаи даргириҳоест, ки дар ҷомеаи муртабит бо қудрат рух медиҳад. Ҳақиқати ҷалъӣ ва дурӯғ ва ҳамчунин, монанд ба далелҳои воқеӣ, қонунҳои илмӣ ва адолати пазируфташудаи мазҳабӣ таҷҳизоти бозиҳои мудовими қудрат маҳсуб мешаванд”172.
Таконбахши фарҳанг табиат аст, на технология, аммо рушди ҳангуфти ҷомеаи муосир бо технология иртибот дорад ва дар миқёси истифода аз интеллекти маснӯӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ минбаъд рушд хоҳад кард. Сарнавишти фарҳанги башар дар фалсафаи Ғарб ба унвони худсозӣ ва фаъолияти айнӣ ба ин далел хоҳад буд, ки ҳастию воқеият ба сурати дубахшӣ ва ҳамоҳангии табиат ва ҷамъият талаққӣ мешавад.
Синтези табиат ва ҷамъият ба лутфи “ихтироъ”-и фарҳангии инсон имконпазир шуд. Шаклгирии худогоҳии фард ба унвони ҷонваре, ки тафовути худро аз дигар ҷонварон дарк кард, бисёр ҷолиб мебошад. Яъне аз авомили густариши ҳувияти фарҳангӣ яке дарки тафовутест, ки фарҳангҳою тамаддунҳоро аз ҳам ҷудо кардааст. Барои бештар баррасӣ ёфтани масъала ба мутафаккири

Тоффлер Э. Метаморфозы власты, - М.: АСТ, 2003, - с. 43.

пешина
аз 303
навбатӣ