БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Ҳуввияти ташаккулёфтаи миллӣ синтез ё омезиши маҷмӯи арзишҳо ва унсурҳои муайяни ҳувият ва фарҳанги миллат мебошанд” (https://www.anrt.tj).
Аз як ҷониб, мусоидат бо раванди ҷаҳонсозӣ ва дар ин замина таъмин намудани гуногунии фарҳангҳо ва тамаддунҳо дар назми ҷомеаҳо роҳандозӣ мешаванд, аз тарафи дигар гиравидан ба марказҳои асосии тамаддуни Ғарб ҷиҳати пайдо кардани шуғл ва синтези вижагиҳои фарҳангӣ татбиқ мешаванд, аммо новобаста ба авзоъ ва аҳволи ҷомеаҳо, ки онҳоро Алии Шариатӣ ба се гуруҳ ҷудо кардааст (а-ҷомеаи бадавӣ, б-ҷомеаи таърихӣ ва в-ҷомеаи муосир), гироиши гушношуниде ҷиҳати иқомат доштан дар бузургтарин шаҳрҳои Аврупо аз ҷониби насли ҷавони ҷомеаҳои рӯ ба инкишоф ҳамчун ҳадаф парварида мешавад. Аз ин хотир, суоле пайдо мешавад, ки тафовути насли ҷавон аз насли кӯҳансол чист ва чаро насли ҷавон бар хилофи калонсолон амал карда, ғолибан аз идеяи миллӣ маҳрум мондаанд? Чунки нохудогоҳӣ ва номуайянӣ айни замон ормонҳои дарунии ҷавононро баррасӣ мекунанд ва онҳо дар қиёс бо насли кӯҳансоли ҷомеа, ки ғолибан тарбияи Шӯравиро дидаанд, зиндагиро таҳти шиори “зистан танҳо барои худ” қабул карда, бинобар орзуҳо ва тахаюли хеш кишварҳои тавсеаёфтаро асос қарор дода, зистан дар минтақаҳои рушдкардаи ҷаҳонро бар худ муносиб дидаанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо