Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

Бинобар ин, интихоби онҳо бештар ба бегонагироии афроди рӯҳонӣ шабеҳ буда, ҷиҳати таъини сарнавишти худ зудбумро фаромӯш мекунанд. Гузашта аз ин, онҳоро масъалаи миллӣ дар хиҷолат намегузорад, чунки мавқеи сиёсии онҳо номуайян буда, рафторҳояшон бештар ба ҳадафҳои геополитикии қудратҳои ҷаҳонӣ мусоидат мекунад. Шояд ҳамин омил, ки намояндагони хурдафарҳангҳо чандон эътимод ба арзишҳои фарҳанги хос ба миллати муайян надоранд, файласуф Комил Бекзодаро водор сохт, ки наҳзади шуубияро муҳаққиқ шуда, тамоили миллатгароиро алорағми аксар ҷомеашиносон навъе аз худогоҳии миллӣ тавзеҳ диҳад. Мавсуф дар китоби хеш бо унвони “Аз таърихи худшиносии тоҷикон” зимни пажӯҳиши комил дар ҳақиқати ҳаракати шуубия чунин менависад: “Ақидаи нависандаи ин сатрҳо аз ин қарор аст, ки миллатпарастии мусбат як навъ худшиносӣ аст. Ин навъи худшиносӣ хоси ҳамаи қавму миллатҳо ва хоси ҳамаи давру замонҳо мебошад. Мушкилӣ ин ҷост, ки инсонҳо дар ҳар давру замоне ба сабаби хомии иҷтимоӣ ва таърихии худ миллатпарастиро танҳо дар шакли ифротӣ ва манфиаш мавриди таҳқиқ ва татбиқ қарор додаанд”176.

пешина
аз 303
навбатӣ