БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Ё худ анъанаҳое, ки дар ҳаёти ҳаррӯзаашон мустаъмал аст. Алҳол, ҷавонон, ки издивоҷ мекунанд, расмҳои навро ихтироъ карда, дигаронро водор месозанд то фаъолияти онҳо таҳти контрул гирифта шавад. Ба ин монанд ихтирокориҳо, ки дар ҳама самтҳои анъанавии фарҳангҳо ба назар мерасанд, ҳолати нохудогоҳии фарҳангиро махсусан, дар рафтори ҷавонон исбот менамояд ва аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҷомеаи Тоҷикистон барои роҳандозӣ шудани раванди муосирсозии фарҳанги миллӣ ҳануз омода намебошад. Бо вуҷуди ин, аз зумраи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон инсонҳое ҳастанд, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ масоили ниёз ба матраҳшавиро баррасӣ мекунанд ва дар дигаргуниҳои глобалии ҷаҳони муосир фаъолона ширкат мекунанд.
Ҳангоми тавзеҳи арзишҳои мансуб ба ҷомеаи Тоҷикистон дар қаринаи ба ворисиятгирии анъанаҳои фарҳангӣ дугунагии афкор ва интихоби равишҳое, ки дар тӯли таърих падид омадаанд, такрор мешаванд ва барои исботи ин фикр лаҳзае ба таърихи бостон рӯ оварда, дар мисоли муҳофизон ва созандагони Меҳан чун Спитамон, Томириси масагет, Деваштич, Ибни Муқаффаъ ва Ибни Муқаннаъ, сапедҷомагону сарбадорон, наҳзатҳои шуубиву ҳаракати озодандешӣ чун Форобӣ, Берунии Хоразмӣ, Фирдавсии Тӯсӣ, Бӯалӣ Сино, Носири Хусрав ва амсолашон ин падидаи ватандӯстиро исбот мекунем.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо