БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Бар ин асос бархе дар таърифи ҳувият мегӯянд:
Ҳувият иборат аст аз “дарки мо аз ин ки чӣ касе ҳастем ва дигарон чӣ касоне ҳастанд ва мутақобилан дарки дигарон аз худ ва ғайри худ (ки шомили мо низ мешавад)”43. Мунаққиди Ғарб Иқболи Лоҳурӣ ҳамин баёнияро дар пӯшиши шабеҳ изҳор мекунад: “Одамӣ танҳо бо тараққӣ кардан ва расидан ба биниши ҷадиде аз оғозу анҷоми хеш ва донистани ин ки аз куҷо омада ва ба куҷо хоҳад рафт, метавонад ба иҷтимое пирӯз шавад, ки ангезаи корҳои он рақобатҳои ғайриинсонӣ аст ва тамаддунеро барандозаду онро аз нав кунад, ки ба иллати таззоди дарунӣ миёни арзишҳои сиёсию динӣ ваҳдати худро аз каф додааст”44. Лозим ба зикр аст, ки итлоқи мафҳуми ҳувияти ба вижагиҳое ҳаммонанд ва мутамоиз таърихи чандон зиёд надорад. Бар ин асос, агарчӣ тафовут ва монанди инсонҳо амри қадимӣ аст, вале “ҳувият” номидани ин тафовутҳо ва ташобуҳот амри ҷадид мебошад.
Мақсад ва шароити монандиҳо ва тафовутҳо дорои ҷинсҳои мухталиф мебошанд. Гоҳе аз ҷинс маърифат ва огоҳӣ аст. Пайдост, ки маърифат ва огоҳӣ дорои мисдоқҳои мухталифе монанди маърифат ба хештан, ҷаҳон, ҷомеа, таърих, оянда ва ҳоказо мебошад. Ба унвони мисол бархе
43 Эриксон Э. Идентичность: юность и кризис, - М.: Пргресс, 1996, - с. 37.
44 Иқбол М. Эҳёи фикри динӣ дар ислом, - Душанбе: Дониш, 1995, - с.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё