БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

инсонҳо бо донистани таърихи масалан 3000 солаи гузаштагон аз ғайри худашон фарқ мекунанд ва дар айни ҳол бо дигар донандагони ин таърих муштарак мешаванд. Ё касе, ки ҷаҳонро дорои ибтидо ва интиҳо медонад, аз касе, ки чунин бовар надорад, фарқ мекунад ва дар айни ҳол бо бовармандони ин огоҳӣ муштарак мешавад. Дар ин сурат метавон гуфт:
масалан фалон одам аз лиҳози таърихӣ дорои фалон навъи ҳувият аст ва ҳамин тавр аз лиҳози ҷаҳонбинист. Албатта, инсон метавонад аз чанд навъи маърифат огоҳӣ дошта бошад ва ҳувияти худро аз онҳо таркиб диҳад. Ба унвони мисол аз таркиби огоҳии хос аз таърих, ҷомеа ва ҷаҳон ҳувиятҳои мухталифе шакл гирифтааст, ки ҳувияти миллӣ аз ҷумлаи онҳост. Ба иборати дигар дар ингуна маворид аз таркиби чанд навъи ҳувият як ҳувияти дигар ба вуҷуд омадааст. Бар ин асос инсонҳо ҳамеша дорои ҳувиятҳои пароканда ва ё мураккаб мебошанд, ки ба сурати шабакавӣ онҳоро дар шароити гуногун шахсият ва ташаххус мебахшад. Гоҳе мумкин аст ин тафовутҳо ва монандиҳо аз ҷинси рафторҳои хос дар заминаҳои гуногун бошад. Ба унвони мисол дар ҳолатҳои шодӣ, мисли хонадоршавӣ:
миллатҳои ҷаҳон дорои русумот ва суннатҳои хоссе ҳастанд, ки барои мардумони африқоӣ аксаран бегона аст. Ва ба ҳамин шакл мавориди ташобуҳ ва тафовут метавонад дорои ҷинсҳои дигаре низ бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё