Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

решаи ҷуқуре дошт. Сарчашмаи аслии он космологияи дуалистии Авесто буд”178.
Пажӯҳиши нодири Акбар Турсон алайҳи фарҳанграбоӣ ва ҳикмати пуки авлавият, ки дар садаи гузашта дар сартосари Урупо шабеҳ меҷуст, дар рисолаи “Эҳёи Аҷам” инъикос шуда, мушкили тафаккури фалсафӣ дар миёни башар мавриди арзёбӣ қарор гирифтааст. Мавсуф дар пояи таҳқиқи анҷомдода ин андешаро ошкор менамояд, ки фалсафа чун фаъолияти фикриву амалӣ барои аҳли Аҷам дар мароҳили таърихӣ бегона набудааст. Дар мавриди синтези фарҳангҳо ва тамаддунҳо номбурда чунин меандешад, ки “иртиботи фарҳангии халқу миллатҳои мухталиф аксаран дар шакли муколама сурат гирифтааст ва барои ҳар ду тараф судманд будааст. Ба махзани тамаддуни ҷаҳонӣ ҷамеи халқҳои дунё – хоҳ кабиру хоҳ сағир, хоҳ “куҳанпир”-у хоҳ “ҷавонрой” – мувофиқи имкону ҳиммати хеш саҳм гузоштаанд”179.
Акбар Турсон дар монографияи мазкур такя бар тасаввуроти космологӣ карда, куравишаклии Коинотро бо далоили дар Авасто сабтшуда исбот менамояд ва ба як хулосаи муҷам андешарониро анҷом медиҳад, ки бозистӣ дар тафовути Шарқу

178 Ҳамон ҷо, с. 19.
179 Турсунов А. Эҳёи Аҷам, - Душанбе: Ирфон, 1984, - с. 42.

пешина
аз 303
навбатӣ