БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Ғарб моро воқеан аз рушду тараққӣ бозмедорад.
Яъне, фарҳангшиноси тоҷик фикри бартарӣ ҷустан ё худ бартарӣ ёфтанро намунаи ғайрисаҳеҳи ақли инсонӣ медонад ва мутмаин аст, ки андешаи космологӣ ҷиҳати баррасии хотираи фарҳангии дилхоҳ миллати соҳибтамаддуне ӯро аз дигарон мутафовит намесозад, чунки асли ҳувияти фарҳангии муосир низ масъалаи омехташавӣ ё худ гибритгардии фарҳангҳоро ба унвони асли донисташавии хеш ва олам намедонад. Таърих гувоҳ аст, ки ҳар чизе ки тавлид мешавад, оқибат аз байн меравад.
Масалан, бузургтарин омехташавии фарҳангҳоро дар давраи интишори ислом метавонем мавриди арзёбӣ қарор диҳем, ки фарҳангҳои қаблӣ аз ҷониби фарҳанги нави зӯран паҳнгардида дучори ҳалокат шуданд.
2.3. Баррасии масоили худогоҳӣ ва афкори фалсафии Ибни Сино бо пайравонаш аз мактаби машшоия
Масъалаи худогоҳӣ яке аз муҳимтарин масоиле аст, ки фалсафа дар тӯли таърих бо истифода аз равишҳои мухталиф ба он пардохтааст. Шояд дар таърихи фалсафа ҳеҷ баҳсеро натвон ёфт, ки то ин ҳад мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта бошад. Равиши фалсафии Бӯалии Сино баҳси худогоҳиро матраҳ карда, тибқи меъёрҳои он худогоҳӣ бар ҳаргуна маърифати дигар бартарӣ дорад. Ба қавли Ибни Сино, ин дарк аз худ бояд бевосита бошад ва ҳеҷ қудрати дигаре наметавонад воситаи байни инсон ва дарки ӯ аз хеш бошад. Аз назари Ибни Сино, вижагиҳои худогоҳӣ ва тамоизи он бо соири анвои огоҳӣ дар ин аст, ки дар ин навъ аз идрок бояд байни мадрак ва мударрик навъе аз ҳувият барқарор бошад. Ба ибораи дигар, дар ин навъ аз огоҳӣ “худ” дар айни ин ки фоили шинос аст, айнан мавзӯи шиносоӣ низ воқеъ мешавад.
Аммо ҷолиби диққат дар равиши фалсафии Бӯалӣ Сино дараҷабандии худогоҳист ва ба қавли мавсуф, ҳайвонот дорои навъи худогоҳӣ ҳастанд ва тамоизи онҳо бо инсон дар ин аст, ки худогоҳии онҳо ҷанбаи инъикосӣ надошта, вижагии шинохт аз ваҳм сарчашма мегирад, ки дувумӣ навъи эҳсос аст ва идроки ҳиссӣ агар

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо