БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Оқилу маъқул будани худо дархост
накунад, ки ин ҷо дар зоту эътибор дугонагӣ
бошад”180. Алорағми чунин ҳувият ҳувияти
муосир аст, ки дар он вижагиҳои динӣ ғолиб
омада, авомили миллӣ дар он ноқис аст. Ин
масъаларо метавон дар мисоли ҳувияти
фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистон мавриди баррасӣ
қарор дод, ки дар ингуна ҳувияти фарҳангӣ
таассуби динӣ муқаддам мебошад, аммо
худогоҳӣ дар равиши Бӯалӣ аз ҳар гуна таассубот
орист, чунки бо сарнавишт иртиқо дошта, омили
ҳастӣ маҳсуб мешавад. Ба ибораи дигар,
худогоҳии дар тафаккури Ибни Сино
роиҷгардида маърифати нафс аст, ки омилҳои
ботинӣ дошта, ба замони мавсуф аз умури
тақвиятёфта пазируфта мешуд ва чунонки он
замон андешаи матраҳ ҷиҳати шиносоӣ ба
махлуқ будани инсон иртибот дошт, пеш аз ҳама
масъалаи идрок ба маърифати Холиқ пайвастагӣ
дошт. Бинобар ин, худогоҳии инфиродӣ дар пояи
худошиносӣ баррасӣ мешуд ва аз ҳувияти
фарҳангии замони постмодерн фарсахҳо дур
афтода буд. Шояд худогоҳии равиши фалсафии
Ибни Сино маърифати нафсро аз соири
маърифатҳо муқаддам бо ҳамин омил медонист,
ки дар китоби “Таълиқот” овардааст: “Агар ду
тасаввур мухталиф набошанд, ҳаракат пайдо
180
Абӯалӣ ибни Сино, Таълиқот, - Душанбе: “Ирфон”, 1992 - с. 113.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо