Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

пажӯҳиши хешро дар таълифоти Ибни Сино
пайдо карда бошад ҳам, аммо аз тарзи тафаккур
нест ва иллати он адами ақл аст. Бинобар ин,
нохудогоҳие, ки Фрейд баён медорад, бештар ба
ҳамон худогоҳии ба ваҳм иртиботдоштаи Ибни
Сино ҳамоҳанг мебошад, аммо ҳувияти матраҳ
дар равиши фалсафии Ибни Сино дар муқоиса бо
андешаҳои дар заминаи нохудогоҳӣ ба вуқуъ
пайвастаи Зигмунд Фрейд ҷанбаҳои инфиродӣ
дошта, дар зот ва дар нафси воҳид мавриди
пажӯҳиш қарор гирифтаанд. Ба таъбири
мутафаккир, худогоҳӣ вижагии зотии нафс аст то
ҷое ки наметавон нафсро бидуни худогоҳӣ
тасаввур кард. Номбурда дар мубоҳисот дар
посухи шахсе бо номи Кирмонӣ, ки аз ӯ пурсида
буд, ки оё нафс дар ҳолати хоб низ худогоҳӣ
дорад? Бар ин нукта таъкид мекунад, ки нафс дар
ҳама ҳолат ба худ огоҳ аст ва усулан ин
худогоҳии зотии нафс аст, аммо мумкин аст нафс
натвонадин худогоҳиро ёдоварӣ кунад. Равиши
фалсафии Ибни Сино муътақид аст, ки нафси
инсонӣ ҳамвора дарки бевосита аз худ дорад,
дарке ки дар он ҳеҷ як аз олоту васоити моддӣ
нақше надошта ва зоти нафс бевосита ба худ
воқиф аст. Масалан, мавсуф дар китоби
“Таълиқот” ҷиҳати ҳувияти муҷаррад чунин
андеша дорад: “Худо ақл аст, зеро ӯ ҳувияти
муҷаррад аст, ӯ оқил аст, чунки зоташ ба худаш
оид аст, ӯ маъқул аст, зеро ба зоти худ ҳувияти муҷаррад аст.

пешина
аз 303
навбатӣ