БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Лекин мутафаккир рисолае бо унвони
“Сарнавишт” таълиф карда ва агарчи он рисола
андак асту боз илова бар он, қисмати бештаре аз
ин таълифотро Абуубайди Ҷузҷонӣ ба қалам
овардааст, бархе аз вижагиҳои мутааллиқ ба
ҳувияти инфиродии Шайхурраис Бӯалӣ Сино он
ҷо арзёбӣ шудаанд. Аввалан, мавсуф аз афроду
таълифоти онҳо ёдоварӣ карда, иқрор менамояд,
ки ҷиҳати густариши тафаккур ва равиши илмии
ӯ нақше бозӣ кардаанд. Масалан, кутуби
“Исоғуҷӣ” (Исагоге), “Миҷастӣ”,
“Мобаъдуттабиа”, “Қуръон” ва асомии уламои
пешин чун Арасту, Уқлидус, Зимиқротис,
Форобӣ ва амсолашон. Сониян, номбурда аз
улуми муосиронаш ҳарф кушода, таъкид
мекунад, ки назди доное илми ҳисоби ҳиндиро
омӯхт ва ҷои дигар истилоҳи “ҳикмати юнонӣ” –
ро матраҳ месозад ва зимни баррасии илми адаб
ба аъроб ишора мекунад ва зимни рӯоварӣ ба
улуми тиб мутазаккир мешавад, ки омӯхтанаш
душвор нест, аммо ҳикояти ҷолиб дар рисолаи
“Саргузашт” бешак, китобхонаи дарбори
Сомониён аст ва агар мавсуф аз ному асомии
пешиниён ёдоварӣ накардааст, лекин бармалост,
ки Абӯалии ҷавон дар ин китобхона мероси
хаттии ниёгонро дарёфта буд: “Феҳристи
китобҳои пешиниёнро мутолаа намуда, он чиро
ки бад-он ниёз доштам, хостам. Китобҳоеро
дидам, ки бисёр касон ҳатто номашонро

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо