БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

нашунидаанд ва ман онҳоро на пеш аз ин ва на
баъди ин надидаам. Он китобҳоро хонда, судҳо
бурдам ва андозаи дониши ҳар мардеро
шинохтам”. Чаро ин китобҳо берун аз
китобхона набуд? Чунки бинобар ғасби сарзамин
аз ҷониби ақвоми бадавии аъроб ва ҷорӣ
гардидани низоми хилофат дар Ховари Миёна
ҳамаи кутуби таснифшуда дар аҳди Ҳахоманиш
ва Сосониҳо тавассути оташ сӯзонида шуданд ва
араб нисбат ба эрониҳо ва фарҳанги онҳо
хусумати хосе мепарвариданд. Бинобар ин, он
замон, ки ағлаби муҳаққиқин ин давраи
таърихиро замони густариши фарҳанги миллӣ ба
қалам овардаанд, аммо дар асли ҳақиқати хеш ин
давраи таърихӣ дар шакли арабгардида пешкаш
сохтани вижагиҳои фарҳангии ориёиҳои аҳди
бостон аст. Аз зумраи вижагиҳое, ки хос бар
ҳувияти Бӯалии Синост, шогирдаш Абуубайди
Ҷузҷонӣ тасвир намудааст. Яке ин аст, ки
Шайхурраис қариб тамоми умри гаронмояи
худро дар муолиҷаи бемориҳои гуногун, бавижа
қуллинҷ (дарди рудаҳо) сипарӣ мекунад, аммо
зимни сафарҳо оқибат худ ба ин беморӣ
гирифтор мешавад. Чаро фарде, ки беморонро
сиҳат мекард, зимни гирифторӣ ба қуллинҷ
нотавон монд ва чаро пизишконе, ки

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо