Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

Омили дигар аз иртиботи Сино бо Арасту сарчашма мегирад. Масалан, Насируддини Тӯсӣ якеро “муаллими аввал” ва дигариро “муаллими сонӣ” ном бурдааст. Яъне, чунин ақидаҳо ҷиҳати пайвастани Синову Арасту ғолибан, аз ҷониби пайравону ҳаммаслакони мутафаккир сурат пазируфтааст, агарчи ибораи “муаллими аввал” мансуб ба Бӯалӣ Синост. Муҳаққиқини фалсафа аз пайвастнамоии Арастуву Сино ин андешаро собит мехостанд кунанд, ки донишманд тавассути забони арабӣ ба юнонигироӣ майл намудааст ва ба забону дини араб иртиботе надорад. Пажӯҳишгарони Ғарб бошанд, мероси фалсафии Абӯалӣ ибни Синоро ба араб пайваста, иштибоҳи наве дар илмро мунташир сохтанд, ки ба онҳо академик А. Баҳоваддинов дар миёнаҳои садаи XX посухи сазовор гуфтааст. Гузашта аз ин, чунонки дар бахши дувуми боби ду мутазаккир шудем, ҳануз Акбар Турсон зимни навишти “Баҳори Аҷам” исбот намудааст, ки манобеъ ҷиҳати пайдоиши фалсафаи Ибни Сино осори паҳлавӣ ва муқаддам аз он “Авасто” буда, фикри ҷамшедии дунявӣ дар афкори мутафаккир бар андешаҳои аҷнабии раҳбонӣ ғолиб омадааст, дар ҳоле ки анъана ва расму оини бадавӣ дар ҳеҷ сурат имкон фароҳам намеоранд, ки пажӯҳише чун Китоби шифо ва Китоби тиб офарида шавад.
Агар пажӯҳишҳои дунявии Бӯалӣ Сино ва соири макотиби фалсафаи машшоия намебуданд, ислом чун масеҳият сад фисад раҳбонӣ мешуд.
Аз ин хотир, ҷанбаи дунявӣ бахшидану касб намудани ислом хидмати донишмандоне чун Ибни Сино маҳсуб мешавад.

пешина
аз 303
навбатӣ