БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Номбурда дар “Ахлоқи Носирӣ” ин масъаларо ба таври муҷаз баён намудааст: “Пас илм мабдаъ аст ва амал тамом”191. Ба қавли Насируддини Тӯсӣ, майли оқил ба ҳақиқат, ки табиати ӯст, бидуни ҳадд баҳогузорӣ мешавад, чунки мазмуни зиндагӣ аз худогоҳӣ сарчашма мегирад: “Чӣ зоҳиртарин ва возеҳтарин чизҳо ба наздики оқил зоту ҳақиқати ӯст ба ҳадде, ки хуфта дар хоб ва бедор дар бедорӣ ва маст дар мастӣ ва ҳушёр дар ҳушёрӣ аз ҳама чизҳо ғофил тавонад буд ва аз худии худ ғофил натавонад буд.
Ва чӣ гуна сурат бандад, ки далел гӯянд бар ҳастии худ? Чӣ хосияти далел он аст, ки восита шавад то мустадилро ба мадлул расонад. Пас, агар ба ҳастии худ далел гуфта ояд, далел восита шуда бошад миёни як чизи танҳо. Пас, далел гуфтан бар худии худ маҳолу ботил бошад”.
Мероси илмии Абӯалӣ ибни Сино тамоми ҷанбаҳои илмро фаро гирифта, дар бахши назария агар осори фалсафиро дар бар гирад, пас дар бахши амалия дар рушди илми тиб нақши арзандае доштааст. Аммо ҷиҳати бозшинохти мероси илмии Бӯалии Сино нигоҳи наву муосире лозим аст, ки андешаҳои бозгуфтаву бозшустаро, ки дар пайгирӣ ва пайравии системҳои сиёсӣ изҳор шудаанд, интиқод кунад, чунки равиши интиқодӣ аз маъмултарин равишҳои муосири илмӣ аст, ки бо истифода аз он метавон масъаларо саҳеҳтар баррасӣ кард. Яке аз ақидаҳои чандон мунташиршуда ҷиҳати бозшинохти Бӯалӣ Сино чун файласуф юнонигироӣ, ё худ, чунонки ба таври маъмул гуфта шуда ва мешавад, донишманди тоҷик аз равиши фалсафии Арасту пайравӣ намудааст, гӯё рӯоварии ӯ ба фалсафаи Юнон далели раднопазир ба паҳншавии иҷбории ислом будааст.
Лозим ба ёдоварист, ки бинобар таҳия ва татбиқи равиши фалсафӣ мутафаккир аз осори юнониёну ҳиндуёну чиниён воқиф будааст ва мантиқан вуқуфи ӯ аз фалсафаи онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ он маъниро надорад, ки Ибни Сино дар бахши фалсафа пайрави мактабҳои Юнони бостон маҳсуб мешавад. Агар ҳол ҳамин маъниро мегирифт, имрӯз бо Бӯалӣ Синоро ба ҳайси шахсияти бузургтарини фалсафӣ намешинохтем ва гузашта аз он миллатҳое, ки тамоили фарҳанграбоӣ дар таърихи сарнавиштсози хеш доранд, номбурдаро аз зумраи намояндаи миллати хеш намедонистанд. Одамрабоии маънавӣ айни замон ба бузургтарин ва фарҳехтатарин шахсиятҳои ҷаҳонӣ дилбохтагӣ дорад ва мутафаккири тоҷик аз ин мавзеъ дур наафтодааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо