Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

Бинобар ин, бозиҳои сиёсии қудратҳои ҷаҳонӣ ва ҳавасмандии онҳо ба тақвият пазируфтани раванди ҷаҳонишавӣ баррасӣ меёбад. Ин ҷо суоли матраҳ иборат аз ин аст, ки чаро ҷомеаҳои рӯ ба инкишоф аз ҷомеаҳои тавсеаёфта пайравӣ мекунанд? Бинобар арзёбии раванди ҷаҳонишавӣ кишварҳои тавсеаёфта ҷомеаҳои рӯ ба инкишофро майдони роҳандозӣ шудани ҳадафҳои геосиёсии худ қарор додаанд ва дар ин бахш дар мисоли ислоҳоти Пётри Кабир тамоили “ғарбзадагӣ” чун унсури таҳмилии ҷомеаҳои тавсеаёфта баррасӣ шудааст.
Дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ пажӯҳиши фалсафӣ-иҷтимоӣ масъалаи ҳувияти фарҳангӣ аз масоили актуалӣ мебошад.
Ин таҳқиқи вижа имкон медиҳад, ки тасвири воқеияти иҷтимоӣ ва низоми муосири ҷаҳониро дигарбора арзёбӣ кунем. Дар таҳқиқоти мазкур мафҳумсозии фалсафӣ – иҷтимоӣ бобати таъсиргузории раванди ҷаҳонишавӣ бар ҳувияти фарҳангии ҷомеаҳои рӯ ба инкишоф татбиқ шудааст. Бар асоси таҳқиқоти анҷомшуда муаллифи рисола бар ин хулоса меояд, ки раванди ҷаҳонишавӣ ба унвони як падидаи иҷтимоӣ-фарҳангӣ мутаноқиз аст, ки таъсири ҷиддӣ бар воқеияти ҳувияти фарҳангӣ дорад.

пешина
аз 303
навбатӣ