БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Диссертант бар ин бовар аст, ки бо вуҷуди раванди фаъоли ҷаҳонишавӣ, ҳамчунон гироиши ағлаб мардумони сайёра ба ҳифзи ҳувияти фарҳангии худ талош меварзанд.
Дар оғози садаи XXI ҷаҳон дар вазъи басе азими нобаробарии глобалӣ қарор гирифта, беш аз пеш печидатар ва осебпазир гардид. Дар таҳқиқоти мазкур нигорандаи ин сатрҳо ба таҳлили осори мутафаккирони тоҷик ва ғайри тоҷики ахири садаи XIX ва аввали қарни XX пардохта, тавассути осори гаронҳаҷми онҳо масъалаи ҳувияти фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистонро, ки дар ҳоли ҳозир аҳамияти худро аз даст надода аст, ҷиҳати ҳифзи арзишҳои миллӣ мавриди таҳлил ва баррасии амиқ қарор медиҳад.
Мушкилоти ҳифз ва тақвият бахшидани ҳувияти фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистон бо вуруд ба воқеияти иҷтимоии ҷадид ва нуфузи рӯзафзуни ҷаҳонишавӣ дигаргуниҳои навро ба арсаи ҳастӣ падид меорад. Ҷаҳонишавӣ аз як сӯ, боиси воридшавии ҷомеаи кишвар дар фазои иқтисоди ҷаҳон мусталзим шуда, аз сӯйи дигар, дар ҷомеаи Тоҷикистон вижагиҳои фарҳангӣ, суннатгароӣ ва густариши худогоҳии миллӣ тақвият меёбад. Роҳи ҳалли ин мушкил дар эътирофи раванди ҷаҳонишавӣ ва ниёз бар гузор ба воқеиятҳои нави иҷтимоӣ бо ҳифзи хусусияти фарҳангии ҷомеа арзёбӣ мегардад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо