Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

Яъне чунин нест, ки ҳатман ҳувият зидди ақлӣ, зидди илмӣ ва мубтанӣ бар таваҳҳум ва ҷаҳл бошад. Бар ин асос ҳувиятҳо ҳам метавонанд ақлӣ ва илмӣ бошанд ва ҳам набошанд.
Ҳувият бинобар қавле ҳамон худшиносии аҳди асримиёнагист, ки бузургони илму ирфон онро муҳаққиқ шудаанд ва дар асри ҳозир фақат ном иваз намудааст. Эрик Эриксон – равоншиноси маъруфи қарни муосир, ки дар таҳқиқоташ ба ҳувият аҳамияти зиёд додааст, менависад: “Ҳувият, ки навҷавон дар садад аст то ба таври рушан ба он мувоҷеҳ шавад, ин аст, ки ӯ кист? Нақше, ки бояд дар ҷомеа ифо кунад, чист?
Оё ӯ як кӯдак аст ё бузургсол? Оё ӯ тавоноии онро дорад, ки рӯзе ба унвони як ҳамсар ё падар ё модар бошад? Оё ӯ алорағми нажод, мазҳаб ё заминаҳои миллӣ, ки ӯро аз назари мардум камарзиш ҷилва медиҳанд, эҳсоси эътимод ба нафс дорад? Иҷмолан, барои таърифи “ҳувият” метавон гуфт: Агар одамӣ барои пурсишҳои зер посухҳои мутмаин ва мутақоидкунандае биёбад, дар ҳақиқат ҳувияти хешро бозёфтааст. Бидонад ҷойгоҳ, манзалат ва мартабати ӯ дар дунё чист?
Огаҳ бошад, ки чи пайвандҳо, риштаҳо ва иртиботҳои ӯро ба худ ва ҷаҳони хориҷ аз худ мутааллиқ месозад? Дарк кунад, ки чӣ нақшҳо, вазоиф ва масъулиятҳое дар қиболи худ ва дигарон бар уҳда дорад? Дар ниҳоят нисбати худро ба гузашта, ҳоли ҳозир ва оянда ба дурустӣ бидонад”45.

пешина
аз 303
навбатӣ