БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

то замони муосир бобати баррасии ҳувияти фарҳангӣ муҳаққиқон осор нигоштаанд. Ду нафар равоншинос, ки аввалӣ амрикоисту Э.
Эриксон ном дорад ва нахуст ӯ вожаи “ҳувият” – ро дар илм ҷорӣ карда, бештар ҳувиятшинос истиқбол мегардад ва дувумӣ бритонист бо номи Энтони Гидденс ва яке аз назарияпадозони “ҷаҳонишавӣ” маҳсуб мешавад, аввалӣ мавсум ба “Ҳувият: хурдсолӣ ва буҳрон” китобе иншо намудааст, ки онҷо масоили ҳувияти фарҳангӣ шадидан таҳқиқ мешавад. Дигарӣ бо номи “Мудерн ва худҳувият” асаре нигоштааст, ки онҷо муҳимтарин авомили ҷаҳонишавӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифта, назарияи тамаддунҳо баррасӣ ёфтааст.
Э. Эриксон муътақид аст фарде, ки қодир ба ёфтани арзишҳои мусбат пойдор дар фарҳанг, мазҳаб ё идеолужии худ нест, идеолҳояш ба ҳам мерезанд. Чунин фарде, ки аз дар ҳам рехтани ҳувият ранҷ мебарад, наметавонад арзишҳои гузаштаи худро арзёбӣ кунад ва на соҳиби арзишҳое мешавад, ки ба кумаки онҳо битвонад озодона барои оянда тарҳрезӣ намояд. Мафҳуми ҳувият айни замон дар илмҳои ҷомеашиносӣ ҳануз аз соли 1960 инҷониб, ки он ҳангом Э.
Эриксон дар китоби хеш “Ҳувият: хурдсолӣ ва буҳрон” онро ҳамаҷониба таҳқиқ менамояд, васеъ истифода шуда, дар ҷомеаҳои муосир истилоҳи мазкур ҳамагонро фарогир мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё