Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

Инсон бинобар дарку фаҳмиши мансуб будани худ ба қишр ва бо дар назардошти эҳсосҳои муайяне ҳувиятро соҳиб шуда, баробар бо воридшавӣ ба дигар гурӯҳҳои иҷтимоӣ сатҳи ҳувияти дар худ доштаро такмил медиҳад. Инсон хоҳу нохоҳ бо муҳите пайванд аст, ки ормонҳои дар он ташаккулёфтаро истиқбол мекунад ва таъсири муҳит дар фард падид меояд, аммо камоли нерӯманде дар шахс имкон фароҳам меорад, ки ӯ дар муҳити хеш таъсиргузор бошад.
Аз ин хотир, гуногунрангии иҷтимоӣ ва ихтилофи андеша барои тавлиди қишрҳои мухталиф боис гардида, ҳамаи онҳо дар омилҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, динӣ, миллӣ ва амсоли дигар нуҳуфтаанд ва бо дарназардошти ин авомил ҳувиятҳои гуногун ташаккул ёфта, дар авзоъ ва аҳволи фард аз инҳо танҳо яке нуфуз пайдо мекунад, ки маърифати ӯ онро қобили қабул медонад. Дар иртибот бо масъалаи мазкур дар бархе аз афрод ҷанбаи динии ҳувият ғолиб меояд ва дар гурӯҳи дигар нуфузи ҳувияти миллӣ мушоҳида мешавад. Аммо Эриксон баробари ҳувият боз истилоҳи “буҳрони ҳувият”-ро истифода карда, хотирнишон месозад, ки инсонҳо бинобар оғози ҷанги ҷаҳонӣ ба буҳрони ҳувияти шахсӣ мубтало гардиданд: “Бинобар афтодан дар шароити шадиди ҷанг онҳо ҳисси ҳувияти шахсиятро аз даст доданд ва тадовуми замони онҳо ҳам контрули хешро бохт. Бинобар ин, камина бобати аз даст додани ҳувияти нафс (эго) суҳбат кардам.

пешина
аз 303
навбатӣ