Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

Аксар ҷавонони муосир, ба вижа дар Ғарб бастани ақди никоҳ ва тавассути он тавлиди наслро василаи побандӣ аз дигарон пиндошта, амалан онҳоро татбиқ намекунанд, дар ҳоле ки аз авомили густариши шахсият яке барпо кардани оилаи солим дар муҳити солим маҳсуб мешавад.
Агар гӯем, ки ҷавонони муосир масъулиятшинос нестанд, иштибоҳи шадиде хоҳем кард, чунки ҳар фарде аз афрод дар ҷомеа барои муаррифии ормонҳои дарунии хеш талош варзида, яке бинобар усулҳои худмуайянкунии инфиродӣ барпо намудани оиларо аз авомили заъфи маънавии хеш медонад, дигарӣ бошад, зиндагиро бидуни маблағҳои калонҳаҷм тасаввур намекунад ва савумӣ дар такмили хеш ҷомеаро монеа дониста, ба он бовар аст, ки баъзе анъанаҳои муҳити фаъолият ӯро аз такомули зеҳнӣ бозмедоранд, дар ҳоле ки ягона муҳит, ки ба густариш ёфтани шахсияти инсон мусоидат мекунад, муҳити иҷтимоии ӯст. Муҳаққиқи “ҷаҳонишавӣ” Энтони Гидденс менависад:
“Вақте ки таъсири анъанаҳо ва маросим ва дар миқёси умумиҷаҳонӣ заъиф мешаванд, асосҳои шинохти ҳувияти инфиродӣ низ пайваста тағйир меёбанд ва дар сатҳи шахсият баррасӣ мешавад.

пешина
аз 303
навбатӣ