БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Дар шароитҳои анъанавӣ чунин эҳсос аз сабаби устувории мавқеи иҷтимоии инфиродӣ дар ҷомеа нигоҳ дошта мешуд. Вақте ки анъанаҳо қудрати худро аз даст медиҳанд ва интихоби озодонаи роҳи ҳаёт бартарӣ пайдо мекунад, ин тағйирхӯриҳо ҳар як шахсро водор хоҳад кард, ки ҷиҳати дарки он бетараф набошанд. Дар чунин шароит, инсон бояд назар ба пештара фаъолтар буда, дар эҷод ва такмил додани ҳувияти инфиродии худ ҷаҳд намояд”50.
Энтони Гидденс ба афкори Эриксон ва Фрейд ақидаи интиқодӣ дошта, муътақид аст, ки онҳо дар пешниҳоди афкори ҷомеашиносии худ ба иштибоҳ рафтаанд. Масалан, дар асари илмие таҳти унвони “Танзими ҷомеа” чунин менигорад:
“Ба нақл аз Эриксон ағлаб бояд таваҷҷуҳ дошта бошем, ки бархе аз идеяҳои ӯро бо маҳдудиятҳои қобили таваҷҷуҳе пазируфтаем, аммо муътақидем, ки камтарин ҷанбаҳои ҷолиб аз кори Эриксон бештар ӯро сутудааст ва ин дар ҷиҳати таҳқиқ мавриди шаклгирии “ҳувияти нафс” ва мароҳили рушди шахсият аз замони таваллуд то навҷавонӣ ва пас аз он аст. Эриксон нигоҳе интиқодӣ ба равиши маърифатии Фрейд дар мавриди “эго” ва робитаи он бо ҷомеа дорад
50 Гидденс Э. Ускользающий мир: как глобализация меняет нашу жизнь.
– М.: Весь Мир, 2004, - с. 19.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё