БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

инсонияти “Ман”” номида мешавад, Фрейд дар бахши ёздаҳуми он бо унвони “Марҳилаи шахсият” аз ду навъи молихулиё ишора мекунад:
“Ман ҳеҷ монеае ҷиҳати мавриди инобат қарор додани эътирози “ман” алайҳи “ман”-ормонро барои ду навъи молихулиё намебинам”54. Аммо дар таърифи “равоншиносии омма” Фрейд чун асабпизишк ва муҳаққиқи равоншиносӣ истифода аз маводи кокаинро дуруст пиндошта, бемориро аз хусусиёти авом медонад ва дар баёни ҳақиқати мардум нохудогоҳиро зам менамояд, яъне аксар бо худ зулм мекунанд, ки далели нохудогоҳист ва аққал ба маърифати худӣ рӯ меорад, ки ҳастиро тақвият мебахшад. Инак, он тафсирҳое, ки Фрейд ба омма нисбат додааст:
“Маҳвшавии худогоҳии шахсият ва бартарӣ ёфтани шахсияти нохудогоҳ, ҳамгунии равишии ҳасосияту ормонҳо, ки тамоил ба табдили фаврии дар амал илқошуда доранд, вижагиҳои аслие ҳастанд, ки фардро дар ҷамъият мушаххас мекунад. Ӯ дар ҳоли ҳозир дигар худаш нест ва табдил ба як худкор (автомат) мешавад, ки дар он иродаи худи онҳо вуҷуд надорад. Бинобар содалавҳӣ онҳо қудрати таҳқиқи худро надошта, ҳеҷ кадомро бидуни тардид намедонанд”55.
Стюарт Холл менависад, ки ҳувияти фарҳангиро
54
Ҳамон ҷо, с. 60.
55
Фрейд З. Психология масс и анализ человеческого Я, - М.: «Азбука»,
2016, - с. 170.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё