Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

дар равобити байни идомаи таърих ва
шикастҳои доимии он пайдо метавон кард. Дар
ҳоле ки қатъияти таърих ва номутобиқатии
ҳувият шарикони ногузири тағйирёбии доимии
иҷтимоӣ мебошанд, баррасии таърих ҳамчун
хатти мустақим ва шикастнопазир ба одамон
ҳисси ҳувият ва мансубият ба фарҳанги онҳоро
медиҳад. Агар хотираи таърихӣ манфиатҳои
миллӣ ва аз ин рӯ, сиёсати давлатро мустақиман
муайян кунад, пас хотираи таҳрифшуда ҳамеша
манфиатҳои бардурӯғро ба вуҷуд меорад, на
манфиатҳои аслии миллиро. Ин маҳз хатари
асосии таҳрифи таърих аст. Аз назари Стюарт
Холл мафҳуми “ҳувият”–ро бояд аз се манзур
мавриди баррасӣ қарор дод: аввал озодандешӣ,
дувум ҷомеашиносӣ ва савум аз назари
постмодернизм. Дарки ҳувият ба шеваи тартибӣ
бар эътиқод ба нақши таъинкунандаи ақл,
мунҳасир ба фард, мутобиқ ба моҳияти воқеии
инсон ва ҷомеа аст. Хирад пояи аслии фард аст,
ки зимни таваллуд пайдо шуда, дар тӯли зиндагӣ
маҳфуз мемонад. Зеҳн ва хиради фард ҳувияти
ӯро таҳия мекунанд. Дидгоҳи ҷомеашиносӣ дар
дарки ҳувият нишон медиҳад, ки ҷомеаи имрӯз чӣ
қадар печида аст. Дар ин ҷо дарки ҳувият бо
“онҳо”, ки барои ӯ муҳит ҳастанд, иртибот
дорад. Мо худро бар ҳувияти фарҳангии афроди
дигар нишон медиҳем ва арзишҳои ҷадидро дарк
менамоем. Дидгоҳи постмодернизм дар мавриди

пешина
аз 303
навбатӣ