БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

дигаре иллати бадбахтӣ бошад, хушбахтии Ман ва бадбахтии Ӯ ҳеҷ иртиботе надоранд. Вале озмоиши рӯзона ва улуми физикӣ бар пояи вуҷуди мустақили модда бино шудааст. Пас беҳтар он аст, ки ба сурати муваққатӣ чунин фарз кунем, ки ҷисму рӯҳ ду чизи мустақил аз якдигаранд, ки аз тариқе асроромез бо якдигар муттаҳид шудаанд”57.
Дар ибтидои асри XXI масъалаҳои марбут ба омӯзиши проблемаҳои ҳувияти фарҳангӣ диққати зиёдро ба худ ҷалб карда, дар атрофи омӯзиши онҳо оид ба ҷанбаи таърихӣ шумораи зиёди баҳсу мунозираҳо ба амал омадаанд. Дар ин рисола мушкилоти ҳувияти фарҳангӣ дар ҷомеаи муосир баррасӣ мешавад ва таҳлили нақши ҳувият чун омили муттаҳидсозии ҷомеа ба он арзиши муносибатҳои милливу фарҳангии ҳувият дар шароити ҷаҳонишавӣ баҳогузорӣ шудааст. Мафҳуми "ҳувият" муносибати фалсафаро бо соҳаҳои дахлдори назария ва амалияи иҷтимоӣ инъикос мекунад. Муҳимияти масоили ҳувияти фарҳангӣ имрӯз низ боқӣ мемонад, зеро дар он муносибати фард ба фарҳанг инъикос шуда, мавҷудияти хусусияти асили фарҳангӣ, ки ба ҳар гурӯҳ ва шахсони алоҳида хос аст, эҳсос мешавад. Дарку фаҳмиши фалсафии проблемҳои ҳувият аз ҳарвақта бештар
57
Иқбол М. Эҳёи фикри динӣ дар ислом, - с. 142.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё