Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

тамаддун таъкид мекунанд. Ҳамин тавр, Ф.
Фукуяма бо ишора ба тағйирёбии фарҳангҳо дар нимаи дуюми асри ХХ нақши динро дар густариши ҷомеа изҳор намудааст. Ин андешаро идома дода, С. Ҳантингтон менависад: “Бинобар таҳлилҳо, тамаддун, ҳамчун ҷомеаи олии фарҳангии одамон ва дараҷаи васеътарини шинохти фарҳангӣ, илова бар он чизе, ки одамонро аз дигар намудҳои биологӣ фарқ мекунад, пазируфта мешавад. Он ҳам аз ҷониби унсурҳои умумии объективӣ, аз қабили забон, таърих, дин, урфу одатҳо, институтҳои иҷтимоӣ ва ҳам аз ҷониби худшиносии субъективии одамон муайян мегардад. Якчанд сатҳи шинохти одамон мавҷуд аст. Масалан, сокини Рум метавонад худро дар дараҷаҳои гуногун ҳамчун румӣ, итолиёвӣ, масеҳӣ, аврупоӣ ва ғарбӣ дарк кунад. Тамаддуне, ки вай ба он тааллуқ дорад, сатҳи баландтарин аст, ки ба ӯ барои возеҳ шинохтани худ кумак мекунад. Тамаддунҳо бузургтарин “мо” мебошанд, ки дар доираи он ҳама худро фарҳангӣ дар хона ҳис мекунад ва худро аз ҳама “онҳо” фарқ мекунад”66.
Ин ҷо муҳаққиқ тамаддуни Ғарбро аз соири тамаддунҳо ҷудо карда, ба он эҳтироми хоссеро иқрор менамояд ва гузашта аз ин, боз идома

66 Хантингтон С. Кто мы? Вызовы американской национальной идентичности, - М.: АСТ, 2004, - с. 11.

пешина
аз 303
навбатӣ