Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

Ба араб нисбат додани ислом иштибоҳи уламои Ғарб аст ва чунонки академик Алоуддин Баҳоваддинов низ қайд намудааст: “Бо дарназардошти ин тамоил, таърихшиносони манфиатҷӯ, ҳатто бузургтарин андешаманд чун Ҳегел аз як ҷониб тамоми фалсафаи Шарқро ба араб итлоқ намудаанд, ва аз ҷониби дигар, тасдиқ мекунанд, ки фалсафаи араб як навъ қадаме дар рушди фалсафа набуда, мулоҳизаҳои фалсафии арабҳо танҳо дар доираи схоластик рушд ёфтаанд”69.
Алҳол, Ҳантингтон зимни таснифи тамаддунҳо нақши арабро дар се тамаддун ҷой додааст, ки навъе аз беэътиноӣ ба мардуми эронтабори аҳди қадим маҳсуб мешавад, вале новобаста ба ин иштибоҳот бино ба ташхиси Самюэл Ҳантингтон, тамаддуни Ғарб дар баробари ҳуҷумҳои худ қудрати хешро аз даст медиҳад. Тибқи пешбиниҳо, то соли 2025 савумин қисми ҷамъияти ҷаҳон мумкин аст дар ҳавзаи нуфузи ҷаҳони ислом бошанд. Бинобар ин, Ҳантингтон ояндаи ҷаҳонро мушкиле аз

69
Баховаддинов А. Очерки по истории таджикской философии.

пешина
аз 303
навбатӣ