Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

пиндори ӯ фақат ду тамаддун боқӣ мондаанд, ки яке дар муқобили дигаре вуҷуд дорад: “Дар ҳудуди садаи XX ва XXI дар ҷаҳон моҳиятан на шаш навъ тамаддун, ки дар дастабандии Арнолд Тойнби мебинем, балки танҳо ду тамаддун вуҷуд дорад, ки тамаддуни Ғарб ва тамаддуни Шарқ аст. Ин ҳам бояд фаромӯш нашавад, ки аҳли тамаддуни Ғарб танҳо худро мутамаддин медонанд, танҳо Ғарбро ҷаҳони мутамаддин мехонанд, дигаронро аз доираи тамаддун берун мегузоранд”72.
Бояд иқрор кард, ки қитъаи Аврупо айни замон ба ғарбиву шарқӣ ҷудо шуда, қисмати ғарбии он ба манотиқи шарқиаш роҳбалад аст ва таърих низ гувоҳ аст, ки шарқ аз ғарби Аврупо таъсирпазир мебошад. Ба ибораи дигар, фарҳанги ғарбӣ бар шарқи қитъа таҳмил шуда, ҳануз ҳам майли номаҳдуде ба он фарҳанг дар кишварҳои шарқӣ мушоҳида мегарданд. Аз лиҳози эътиқодот низ шарқ аз ғарби қораи Аврупо мутафовит аст, дар ғарб, ки дар қиёс бо шарқ хеле пешрафта мебошад, аҳолӣ пайрави фирқаи католитсизм буда, пас аз Эҳё ғолибан ба мазҳаби протестантӣ майл намудаанд, аммо дар шарқ, ки бештари аҳолӣ славян ҳастанд, барои худ фирқаи проваславиро эҷод карданд.
Ҳамчунин, дар қораи Осиё низ ҳамин авзоъ мавҷуд буда, пайравони Конфутсий ва Буддо аз

Шакурӣ М. Хуросон аст ин ҷо, - Душанбе: Дониш, 2009, - с. 208.

пешина
аз 303
навбатӣ