БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Тамаддун инчунин бо чунин унсурҳои умумии объективӣ, ба монанди забон, таърих, дин, анъанаҳо, институтҳо ва худшиносии субъективии одамон муайян карда мешавад. ... Тамаддунҳо ин ҳамон бештарини "мо" мебошанд, ки инсон худро дар хона фарҳангӣ эҳсос мекунад ва ҳамзамон моро аз ҳамаи "онҳо" - онҳое, ки дар берунанд, ҷудо мекунад"79.
Раванди ҷаҳонӣ шудан нобаробариро дар ҷаҳон такмил дода, бартарии якеро бар дигариҳо исбот намуд. Махсусан, муҳаққиқини Ғарб ба бартарии ҳувияти фарҳангии амрикоӣ аз соири ҳувиятҳо иқрор ҳастанд ва ин андеша тавассути бознигариҳои ихтисосӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Муҳаққиқони ҷаҳонишавӣ авомили бартарӣ пайдо кардани амрикоиро аз дигар милали дунё дар фарҳанги хос ба протестантизми бритонӣ марбут донистаанд. Чунончи, Тойнби дар рисолаи “Чолишҳо ва посухҳо. Тамаддунҳо чӣ гуна мемиранд?”, дидгоҳи мазкурро пешниҳод менамояд: “Дар таърихи Ғарб протестантизм билофосила қабл аз ғасбкории он сӯйи уқёнус ва эҷоди иқоматгоҳҳои наздибаҳрӣ пайдо гардид, аммо дар садаи XVIII муқовимати мардуми

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё