Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

Донишманди тоҷик Шакурии Бухороӣ бар раванди мазкур унвони “ҷаҳонгароӣ” баҳогузорӣ намудааст, ки онро алҳол пешкаш мекунем:
““Ҷаҳонгароӣ” дар ин навиштаи мо муродифи “ҷаҳонӣ шудан” – глобализм аст. Глобализм ва глобализатсияро ба форсӣ ҷаҳонӣ шудан ва ҷаҳонсозӣ гуфтаанд. Дар Тоҷикистон онҳоро ҷаҳонишавӣ ва ҷаҳонкунонӣ меноманд. Бисёре аз аҳли кор чи аз муодили форсӣ ва чи аз муодили тоҷикии истилоҳоти глобализм розӣ нестанд. Ба пиндори банда, агарчи маъноро то андозае дуруст ифода мекунанд, шакли истилоҳӣ надоранд ва шоистаи он нестанд, ки онҳоро истилоҳ қарор бидиҳем”89. Академик Акбари Турсон дар тадқиқоте бо унвони “Ояндашиносии равандҳо ва хатарҳои ҷаҳони муосир” андар суди зиёни ҷаҳонисозӣ пажӯҳиш намуда, зимни баррасии раванди ҷаҳонишавӣ таваққуф мекунад ва онро падидаи замони муосир намедонад:
“...оғози таърихи ҷаҳонисозиро аз замони шаклгирии Империяҳо мансуб донистан дурусттар аст. Ба ин маънӣ Куруши Кабир ва Искандари Мақдунӣ нахустин глобализаторҳо буданд”.
Дар аксари мавридҳо таҳлилҳову таҳқиқҳо тарзи баёни таҳмилӣ дошта, дур аз воқеият қарор доранд ва ҳангоми ошноӣ пайдо кардан бо чунин

89
Шакурӣ М. Хуросон аст ин ҷо, - Душанбе: Дониш, 2009, - с. 201.

пешина
аз 303
навбатӣ