БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

нигораҳои фиребандаи муосир дар зеҳни шумо ин фикр ғалаба мекунад, чунки мақсад дар нигораҳои муосири таҳмилӣ дар пӯшиши бархурдҳо муҷассам гардида, ҳатто беҳтарин муҳаққиқони сиёсати вақтро гумроҳ хоҳанд кард.
Аз ин хотир, чунин мушоҳида мешавад, ки сухан сеҳр асту суханвар соҳир боқӣ мемонад ва чун аксари мардумон таъсирпазиранд, месазад ононро бо истифода аз сеҳри сухан гумроҳ кард ва барои тавтиа алайҳи низоми сиёсӣ омада намуд. Раванди мазкур дар марказҳои сиёсии таҳқиқнаёфта ва пажуҳишгоҳҳои тахассусии таблиғӣ баррасӣ шуда, бо дарназардошти дифоъ аз сиёсати байналмилалии ҷаҳонишавӣ ба ҷаҳониён таҳмил мегарданд ва ҳадаф аз татбиқшавии инчунин ҷараён сиёсигардонии миллатҳову ақаллиятҳои миллӣ нест, балки гумроҳгардонии онҳост. Ҷое, ки давлат аст, низоми сиёсии муайяне онҷост ва ҳатман ба ин низом гурӯҳе мухолифанд. Дар оила низ системи бархурдҳо вуҷуд дорад ва яке барои нуфуз пайдо кардан бар дигарон аз хотири пешгирӣ намудани тавтияҳо дигареро чун паёмовар истифода мекунад, чунки агар тавтиаҳо пешгирӣ нашаванд, низоми хонавода дер ё зуд барҳам мехӯрад. Ба ҳайати ин ё он ҳукумат ашхоси муайяне ворид мегарданд, ки шумо аз онон истиқбол нахоҳед кард. Аммо ин сабаб нест, ки шуморо дар муқобили ҳукумат қарор диҳад, чунки мухолифат ба ҳокимият пояи қоноатмандӣ набуда, балки норизоият аз систем аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё