Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

Муҳоҷиратро рахт барбастани зеҳнҳо баррасӣ намуда, бо ин васила тағйир додани низоми ақидатӣ дар дохили кишвари муайян низ ҳамоқат асту бас! Чунки авзои сиёсӣ дар дохили давлат бо авзои сиёсии ҷаҳон иртибот дошта, баъзан бархурдҳои шадид дар ин ҳамоҳангиҳо падидор мегарданд ва ҳақиқат маҳз дар натиҷаи инчунин бархурдҳои сатҳи ҷаҳонӣ ошкор мешаванд.
Тақсимбандии ҷомеаҳо ба тамаддунҳо дар раванди ҷаҳонишавӣ бо мақсади татбиқсозии ҳадафҳои геосиёсии кишварҳои абарқудрат анҷом пазируфтааст ва бидуни шак аксар ҷомеашиносони муосир бинобар ҳифзи арзишҳои фарҳанги ғолиб якеро дар муқобили дигарӣ мавриди баррасӣ қарор додаанд. Сабки муқоиса аз сабки ҷустуҷӯи манфиат тафовут дорад, аммо зимни баррасӣ ва таҳқиқи масъалаҳои ба фарҳангҳо ва тамаддунҳо иртиботдошта ҳақиқат пинҳон мемонад ва дар чунин осор мо маводи таблиғии мухолиф ба илмро мушоҳида мекунем.

пешина
аз 303
навбатӣ