БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Дар илми ҷомеашиносии муосир ҷиҳати баррасии муосирият консепсияҳои мухталиф мавҷуданд, ки яке дунболи дигаре қарор гирифтаанд. Аввалан, назарияи шахсияти Э. Эриксон бо назарияпардозиҳои З. Фрейд бобати тақвиятёбии ҳувияти фарҳангӣ ҳамоҳанг мебошанд, аммо ин назарияҳо аз ҷониби Э.
Гидденс истиқбол нагардид ва баръакс, ҷомеашиноси англис назарияи “сохтёбии расотарин” – ро интишор намуд, ки ба қавле навъе таъсирпазирӣ аз тарзи тафаккури Маркс маҳсуб мешавад. Назарияи ҷомеашинос Ю.
Хабермас низ қобили зикр мебошад, ки таҳти унвони “Кунишҳои иртиботӣ” машҳур аст ва мутобиқ ба ин назария инсонҳо бо мубоҳисаҳои истидлолӣ, тавофуқу ҳамкорӣ ба дунболи дастёбӣ ба фаҳми муштарак мушарраф ҳастанд.
Хабермас дар “назарияи интиқодӣ” – и худ, ки неомарксизмро бо мактаби Франкфурт бо дидгоҳҳои ҷомеашиносии муосир пайванд медиҳад, ҳувиятро реша дар анъанаоти байни рушди фардӣ ва иҷтимоӣ медонад. Консепсияи “ҷомеаи кушода”, ки бори аввал ин истилоҳ аз ҷониби файласуфи фаронсавӣ Анри Бергсон дар санаи 1932 истифода шудааст, дар фаҳмиши Карл Поппер намунаи мустақили демократӣ ва ғайрисармоядорӣ маҳсуб мешавад. Мавсуф бобати ҷомеашиносии илм таваққуф намуда, зимни баҳогузориҳои таҳқиқӣ муҳити иҷтимоиро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё