Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

мавзеи баррасии тафаккури илмӣ пиндоштааст:
“Ҷомеашиносии илм тасдиқ мекунад, ки тафаккури илмӣ, хусусан, тафаккур дар бораи мушкилоти сиёсӣ ва иҷтимоӣ на дар ҷойи холӣ, балки дар муҳити иҷтимоӣ рух медиҳад. Бар он унсурҳои замири нохудогоҳ ё берун аз доираи худогоҳӣ таъсир мерасонад. Ин унсурҳо, ҳангоме ки мутафаккир ба мушоҳида мепардозад, аз диди худи ӯ пӯшида мемонанд, зеро ба истилоҳ ҷойгоҳ ё муҳити иҷтимоии ӯ ташаккул меёбад. Муҳити иҷтимоӣ низоми пурраи эътиқодот ва назарияҳоеро муайян мекунад, ки дар назари ӯ бешубҳа, ҳақиқӣ ва худаён зоҳир мешавад”90.
Дар садаи гузашта ва асри ҳозир бинобар рушди ҷомеаҳо худмуайянкунӣ низ дар шакли ҳувиятҳо беш аз пеш баррасӣ шуда, андешаи буҳрони фарҳангҳою тамаддунҳо талқин мегардад. Мудерн зинаи аввалияи таърихии муосирият аст, ки ҷояшро ҳатман ба зинаи дувуми таърихӣ таҳти унвони постмодерн вогузор хоҳад кард. Бинобар ин, бо муваққатӣ будани рӯзҳои мо дар кишварҳои тавсеаёфтаи Ғарбу Шарқ онҳо ба унвони як давраи таърихӣ мутафовит ҳастанд. Мудерн чун марҳилаи таърихи ҷадид таҳқиқи ҳамаҷонибаи ҳувияти фарҳангиро падид овард, постмодерн бошад, буҳрони ҳувиятҳоро дар раванди ҷаҳонишавӣ

90 Поппер К. Открытое общество и его враги (в 2 томах), - М.: Культурная инициатива, 1992, - с. 191.

пешина
аз 303
навбатӣ