БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Юрген Хабермас аз зумраи муҳаққиқони муосирият аст ва дар пешгуфтори рисолае таҳти унвони “Гуфтмони фалсафӣ дар бораи мудерн” омилҳои ба ин мавзуи баҳсбарангез рӯйоварии хешро чунин изҳор кардааст: “Мудерн –лоиҳаи нотамом”, дар асли худ фақат унвони гузорише буд, ки дар моҳи сентябри соли 1980 зимни дарёфти ҷоизаи Адорно қироат кардам. Ин мавзуи баҳсбарангез аз ҳамон овон то имрӯз маро аз худ дур насохтааст. Ҷанбаҳои фалсафии мавзуъ торафт дар сатҳи огаҳшавии ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷо гирифт. Интиқодоти навсохторгаро аз ақл чашмандозеро эҷод мекунад, ки дар он гом ба гом талош доштам ин мавзуи баҳсбарангезро тармим бинмоям. Баҳси фалсафии мутааллиқ ба вожаи “мудерн” аз охири садаи XVIII дар сатҳи як мавзуи фалсафӣ матраҳ шуд. Ин баҳс дар аксар мавридҳо ба масоили эстетикӣ ворид мегардид, аммо ман маҷбурам матраҳшавии мудернро дар ҳунар ва адаб инҷо лағв кунам”94. Мавсуф дар оғози китоб мафҳуми муосириятро шарҳ дода, онро вокунише алайҳи заминаҳои таърихии ақлгироии ғарбӣ медонад:
93 Гегель Г.В.Ф. Философия права, - М.: Мысль, 1990, - 288.
94 Хабермас Ю. Философский дискурс о модерне, - М.: Весь Мир, 2003, -
“Мафҳуми муосирият ба маҷмӯаи бо ҳам иртиботдоштаву мутақобил ишора дорад: ба самти ташкили сармоя ва таҳияи манобеъ; ба тавсеаи нерӯҳои истеҳсолӣ ва афзоиши баҳраварии меҳнат; ба иҷрои қудрати сиёсии марказӣ ва шаклгирии ҳувиятҳои миллӣ; ба густариши ҳуқуқи мушорикати сиёсӣ, тавсеаи зиндагии шаҳрӣ, таҳсилоти мактабӣ ва ғайра.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё