БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

наметавонад ба унвони як ҷаҳонбинӣ ё худ фалсафае муштарак вуҷуд дошта бошад. Чун адами тамаркузи ҳастӣ, постмодернизм ба унвони тахрибкунандаи ҳамаи гироишҳо, макотиби фалсафӣ ва ҷаҳонбинӣ амал мекунад.
Бадбинӣ, яъсу навмедӣ ва беэътимодӣ ба воқеият низ аз вижагиҳои боризи ин тафаккур маҳсуб мешавад. Ҳегел, ки мафҳуми “мудерн” – ро ба унвони замони нав дар иртибот бо заминаи таърихӣ истифода кардааст, ормонҳои дарунии инсонро аз ду ҷониб баррасӣ карда, дугунагии рафтору пиндорро дар ӯ қоил аст, чунки ҳама гуна мушаххасоти марбут ба инсон аз як ҷониб мовароитабиист, аммо аз сӯйи дигар дар табиат маҳфуз мебошад ва воқеият барои инсон нисбиятро тақдим медорад. Мавсуф пайгирӣ аз дидгоҳе дорад, ки дар пояи таззод баррасӣ мешавад ва ҳеҷ шайъ ҷиҳати шинохт бидуни баррасии самти муқобил имкон надорад.
Баррасии фалсафии таззоди табиат ва рӯҳ, ҳису ақл, Ман ва на Ман, маҳдуд ва номаҳдуд, ки дар тасодум бо якдигар қарор доранд, роҳи посух ҷустан ба буҳроне дониста шудааст, ки дунболи рушд меравад, аммо нақди фалсафии ақл наметавонад ниёзҳоро қонеъ кунад, ки худ натиҷаи айнии он маҳсуб мешавад. Ҳегел ақлро ба унвони худшиносии оштидиҳанда аз рӯҳи мутлақ талаққӣ медиҳад: “Ин вижагӣ бо шароити ҷаҳонӣ будан муртабит аст. Кули мавҷудоти олам восита аст, ки бар рӯйи он ҳама ҳувиятҳо, ҳама тавоноиҳо ва ҳама ҳаводис ба худ озодии тавлид ва хушбахтӣ медиҳанд”93.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё