Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

доранд, ба унвони ҳадафи мудохила дар назар
гирифта мешавад”102. Инчунин матраҳшавии
масъала ҳануз аз баёнияҳои Ҳегел ва махсусан
Нитше сарчашма мегирад. Вақте ки дувумӣ
зимни баррасии ирода ба қудрат ва он сӯйи
некиву бадӣ масеҳиятро маҳвкунандаи инсон
номида, гузашта аз он, қудратро дар маънии
ихтиёр баррасӣ кард ва ба аҳволи ғарбиён
тамасхур намуд, ки ҳар фарде аз афрод дунболи
барпо кардани хонаводае умри гаронмояи хешро
сипарӣ мекунад, ва монанд ба ин баёнияҳо
урупоиён муҷаррадиро аз оиладорӣ бартар
донистанд. Агар Мансури Ҳаллоҷ “аналҳақ”
гуфту сангсор шуд, аммо Нитше ҷиҳати тақвияти
худогоҳии инфиродӣ Ҳудоро мурда пиндошту
исрор намуд, ки некӣ ҳомили бадӣ аст103. Фуко
ин марзҳоро гузашту муосиринро даъват намуд,
ки барои расидан ба ҳувияти такмилёфта
Яздонро бикушед то дар худ бақо ёбед, аммо
паҳншавии ин ақидаҳо инсонҳоро дар
ихтиёрдорӣ мустаҳкам сохт, вагарна эътимоду
эътиқоди мардум чун занҷирае онҳоро побанд
карда, дар ҳеҷ сурат намегузошт, ки шаҳди
озодиро бичашанд. Бинобар ин, постмодернизм
арзишҳои ҷомеаи шаҳрвандиро куллан тағйир
доду дигар арзишҳоро, ки қаблан дар замонҳои

102
Фуко М. Воля к истине: по ту сторону знания, власти и сексуальности.
Роботы разных лет. – М.: Касталь, 1996, - с. 120.
Ницше Ф. По ту сторону добра и зла, - М.: Эксмо, 2008, - с. 522.

пешина
аз 303
навбатӣ