Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ин заруратро сарчашмаҳои асосии исломӣ ҳамчун қонунгузори олӣ хеле хуб дарк намудаанд. Ин нуктаро роҳбарони давлатҳои исломӣ ба хубӣ дарк намудаанд, ҳатто бунёдгузори Ҷумҳурии исломии Эрон Оятулло Хумайнӣ ба ин маъно таъкид дошта буд: «Ман сахт эътиқодманд ҳастам ба он нукта, ки арзиши идора намудани давлат бояд аз тамоми манфиатҳои дигар, ҳатто манфиатҳои динӣ, чун намоз, рўза ва ҳаҷ ҳам авлотар дониста шаванд.
Давлат метавонад тамоми зуҳуротро манъ эълон намояд, агар ин зуҳурот ҷавобгўи манфиатҳои давлат набошанд, ҳатто агар ин манъкарданҳо дар зиддият бо манфиатҳои исломӣ ҳам бошанд. Зеро манфиатҳои хокимияти давлатӣ бузургтар аз қонуниятҳои исломӣ ҳастанд». (Ин ибораи О.Хумайни аст, ки дар китоби «Саҳифаи нур» навишта шудааст.) Сазовори қадр аст, ки дар ин гуфта на танҳо авлавияти арзишҳои сиёсии кишвар аз манфиатҳои динӣ, инчунин комилан ҷудо будани манфиатҳои давлат аз дин дар кори идораи кишвар равшан собит гардидаааст. Бале давлат, низоми сиёсӣ ва идорӣ як қатор корҳо ва фаъолиятҳое дорад, ки дин дар он дахолат карда наметавонад. Бинобар он адл он нест, ки тавассути дин соҳиби қудрат гардида, динро воситаи ба даст овардани ҳокимияти давлатӣ қарор дода, пас аз дарки мушкилиҳои оштинопазир онро аз сари идора дар ҳолатҳои ҷудогона дур намуд, балки адл он аст, ки қабл аз ба восита табдил додани дин таъиноти иҷтимоии онро дуруст дарк намуда, инкишофи озодонаи онро берун аз махлутгардонии беҷо таъмин сохт. Бинобар ин роҳи бунёди ҷомеаи шаҳрвандию давлати ҳуқуқӣ ва дунявӣ бартарии худро бори дигар аз таҷрибаи давлатҳои исломӣ собит менамояд. Тоҷикистон дар мавриди манфиатҳои гуруҳӣ истифодаи беҷои динро манъ намуда, муносибат бо эътиқод ва озодии виҷдонро дар доираи манфиати умумимиллӣ ва дин қоил аст.

пешина
аз 601
навбатӣ