ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Динро на воситаи ба дастовардани қудрат, балки воситаи баланд бардоштани маънавиёт, ахлоқ ва озодии руҳии мардум қабул дошта, тарафдори ҳамбастагии озодии шаҳрвандон бо озодии руҳии онҳо ҳаст.
Дин дар қатори дигар омилҳои асосии пешбарандаи ҷомеаи инсонӣ воситаи муҳими инкишофи ҳар ҷомеа чӣ дар таърих ва чӣ дар замони муосир маҳсуб мешуд. Давлат ва ҷамъиятҳое, ки ба зинаҳои арзандаи инкишоф расида буданд, муносибати дурусти эҷодкорона ва мусолиҳатомезро бо дин дошта, атбоъи онҳо диндории хирадмандонаю созандаро таҳмил намуда буданд. Зеро дин ба замми он, ки талаботи эътиқодии моро қонеъ мекунад, вай ҳамчун воситаи муҳимми дарёфти ҳақиқат, адолат ва инсоф мардумро ба роҳи рост, ҳамгироӣ, амали хайр ҳидоят намуда, дар нигоҳ доштани ҳолати эътидоли руҳӣ ва низому тартибот дар ҷомеа аз ҳар ҷиҳат мусоидат мекунад. Аз ин лиҳоз, ба зинаи воло рафтани қудрат ва нерўи давлатдории давлатҳои муосир гувоҳи он аст, қабл аз расидан ба қуллаҳои баланди ташаккули назарӣ ва амалӣ дар ҷомеа ва давлат таҳаввули диндорию эътиқоди динии мардум рух медиҳад.
Мисол, Амрикое, ки дар зинаи олии ислоҳоти ҳуқуқию иҷтимоӣ қарор дорад, ба қавли муҳаққиқон то расидан ба ин зинаи олии инкишоф чор зинаи бедории (ташаккул ва таҳаввули) протестантизмро паси cap намуд. Аҷиб он аст, ки чунин зинаҳои тағйирпазирии диндории онҳо ҳар дафъа бо ислоҳоти муҳими сиёсӣ тавъам буда, барои миллати Амрико, барои давлати онҳо ва истиқлолияти кишвар хидмат менамуд. Дар нахустин ислоҳоти бузурги диндории мардуми Амрико дар солҳои 1730-1740 «такони таълимоти евангелӣ, - менависад муҳаққиқ аз Гарвард Алан Хаймерт, - воситаи ниҳоии миллатгароии амрикоӣ буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё