Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Дар калисоҳои евангелӣ иттиҳоди трибунҳо ва халқ дар заминаи демократияи амрикоӣ тавлид мешуд». Силсилаи ин ислоҳоти бузурги диндорӣ ба муттаҳидии миллати амрикоӣ онҳоро ба ваҳдати миллии онҳо оварда расонд.
Зеро дин масъулияти мардумро дар назди миллати воҳид ва истиқлолияти кишвар тарбия намуда, мардумро ба худшиносии миллӣ оварда расондааст.
Эҳёи дуюми бузурги диндории амрикоиҳо дар солҳои 1820-1830 ба вуқуъ пайваст, ки шиори саркардагони он «ба он дараҷае, ки имон ва эътиқод дорем, ба он дараҷа заҳмат кашидан лозим», зеро танҳо бо заҳмати созанда ва амалия бартарии имон ва эътикодро собит намудааст. Дар ин зина диндории амрикоиҳо ба дарки арзишҳои мусолиҳакорӣ, ба тарбияи рўҳии мардум, беҳтар кардани шароити озуқаи меҳнаткашон, мубориза барои сулҳ, манъи танфурўшӣ, инкори ғуломӣ ва ғ. расид. Ҳамин тавр ду давраи дигари ислоҳоти ҷаҳонбинии амрикоиҳо пайдарҳам ба манфиатҳои умумии миллат ва давлат хизмат намуда, ба тарбияи насли наврас ва инсони замони муосир нақши бориз гузошт.
Чунин таъсири мусбии динро ба инкишоф ва ваҳдати аъзои ҷомеа мо дар таърих зиёд медонем. Дини Зардушт ба тавлиди империяҳои бузурги форс Ҳахоманишинҳо, Портҳо ва Сосониҳо мусоидат кард. Оини озодипарастии Куруш ба тавлиди Эъломияи Куруш ҳамчун нахустин санад оид ба ҳуқуқу озодии инсон мувофиқат кард. Дини насронӣ ба мазмуни ҳуқуқи римиҳо дар замони элиниҳо ахлоқ, инсоф ва хирадро ворид намуд. Паёмбари ислом ба низоми ғайриадолатноки салтанатҳои ҷаҳон зарба зада, ба нуфузи давлати бодиянишини араб мадад кард. Исломи замони асрҳои миёна ба тарбияю баланд бардоштани маърифат ва савияи дониши қабоили саҳронишин ва кўчманчӣ мусоидат намуд. Назариёти ирфонии Мавлонои Румӣ ба таҳаввулоти тамаддуни ғарбию шарқӣ ва фарҳанги туркию тоҷикӣ мусоидат намуд.

пешина
аз 601
навбатӣ