Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Аз охири солҳои 20-ум сар карда, сохтмони шабакаи васеи канали обёрии Вахш бо азхудкунии 100 ҳазор га оғоз шуд ва минбаъд канали Ҳисор, шабакаҳои обёрӣ дар вилояти Суғд барои обшор кардани заминҳои зиёди обӣ шуд, ки дар аксари он пахта мекориданд. Ва истеҳсоли он аз 37,1 ҳазор тоннаи соли аввали панҷсолаи 1-ум соли 1937 ба 178,4 ҳазор т. ва соли 1980 ба 1 миллион тонна расонда шуд.
Амир Олимхон кўшид, ки маблағҳои шахсии худро аз Бонки давлатии Русия ба Аврупо гузаронад. Тобистони соли 1917 тавассути миёнаравии намояндаи рус дар Бухоро Миллер ва саноатчӣ И.Стахеев ба бонкҳои Англия ва Фаронса 150 млн. ва дертар боз 32 млн. рубл интиқол дод, ки он замон маблағи хеле калони ҷамъовардаи тамоми аҳли сулолаи манғитҳо буд. Аммо чӣ тавре ки муҳаққиқи англис Гленда Фрезер маълумот медиҳад, амир ин маблағро бозпас гирифта натавонист. Зеро ки ҳуҷҷатҳои маблағи авваларо ҳангоми фирор дар Бухоро монда буд, квитансияи транши дуюмро умуман надид. Бе пул даъвати ў албатта, кам таъсир дошт. Вақте амир Олимхон аввали соли 1920 барои кўмак ба Афғонистон муроҷиат кард, модари шоҳи он Амонуллохон Улёҳазрат посухи рад дод, ки агар Афғонистон комилан мустақил нашавад, писари азизи ман наметавонад бародари худро ҳимоят кунад. Бинобар ин эъломи ҷангро бо кофар ба дўши худ намегирад.
Амир рў ба Англия оварда 21 октябри с.1920 аз ш.Душанбе ба шоҳ Георги V нома фиристода, хоҳиш кард, ки ба ҳисоби қарзи давлатӣ 100000 фунт-стерлинг 20 ҳазор милтиқ ,30 тўп бо тирҳояш ва 10 аэроплан, 2 ҳазор аскар фиристад. Британия аз дахолати бевосита ба корҳои Бухоро даст кашид. Зеро ки онҳоро аллакай аз Қафқозу Форс ронда буданд, дар Бағдод базўр истодагарӣ мекарданд, ҷанги дигар дар Осиёи Миёна ба онҳо гарон меафтод. Зеро ки ин дасиса метавонист бо ишғоли Афғонистон аз ҷониби Русия анҷом ёбад.

пешина
аз 601
навбатӣ