ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ин ҳаракат то охири солҳои 80-ум амалан идома ёфт. Дар кишвари нав аз истибдоди амирӣ раста ҳоли онҳо чандон хуб набуд, вале халқи меҳмоннавози маҳаллӣ онҳоро ба оғўши худ гирифт ва ҳамроҳ бо умеди нек -баҳри сохтани коммунизми хаёлӣ камар бастанд.
ТАЛОШИ ШЎРОҲО БАРОИ ПАХТАКОРӢ
Агар ба чанд далели асосӣ назар кунем, маълум мешавад, ки ҳадафи ҳукумати шўравӣ ҳамоно истифода аз захираҳои табиӣ ва пахтаи ин минтақа буд. Аз аввали с.
1918 конҳо ва заводҳои пахтатозакунӣ давлатӣ гардонда шуданд. 17-уми майи с. 1918 барои азхудкунии дашти Дилварзин ва Гушна бо имзои В.И.Ленин 50 млн. рубл ҷудо шуд, вале бо сабаби авҷи ҷангҳои шаҳрвандӣ ин амал мавқуф гузошта шуд. Солҳои 1921 амир аз Бухоро ронда шуда, кулли Осиёи Миёна ба дасти Шўроҳо гузашт. 4 марти с.1921 дар Москва бо Ҷумҳурии Халқии Бухоро созишномаи иттифоқӣ бо Русия баста шуд. Тибқи он Русия ба ин кишвар коршиносон, омўзгорон, маводи таълимӣ таҷҳизоти типографӣ интиқол дод. 21 марти ҳамон сол созишномаи ҳарбӣ-сиёсӣ баста шуд. Тоҷикистон чун як ҷузъи Ҷумҳурии Бухоро ба ин созишномаҳо ворид шуд ва пас аз ба даст овардани мухторият аз c.1924 нуктаҳои он созишномаҳоро иҷро намуд. Мавриди зикри хос аст, ки маҳз ба шарофати инқилоб ва сиёсати дурандешонаи миллии В.И.Ленин ва И.В.Сталин халқи тоҷик озод гашта, пас аз 1025 сол соҳиби давлати худ шуд. - Давлати Сомониён соли 999 бар асари ҳамлаи қарохониҳои туркнажод суқут карда буд.
Дар Тоҷикистон амалан саноат набуд, диққати асосии Маскав низ ба пахтакорӣ нигаронда шуд ва ҷумҳурии мо базаи асосии пахтаи маҳиннах гардид.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо