Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Агар ба чанд далели асосӣ назар кунем, маълум мешавад, ки ҳадафи ҳукумати шўравӣ ҳамоно истифода аз захираҳои табиӣ ва пахтаи ин минтақа буд. Аз аввали с.
1918 конҳо ва заводҳои пахтатозакунӣ давлатӣ гардонда шуданд. 17-уми майи с. 1918 барои азхудкунии дашти Дилварзин ва Гушна бо имзои В.И.Ленин 50 млн. рубл ҷудо шуд, вале бо сабаби авҷи ҷангҳои шаҳрвандӣ ин амал мавқуф гузошта шуд. Солҳои 1921 амир аз Бухоро ронда шуда, кулли Осиёи Миёна ба дасти Шўроҳо гузашт. 4 марти с.1921 дар Москва бо Ҷумҳурии Халқии Бухоро созишномаи иттифоқӣ баста шуд. Тибқи он Русия ба ин кишвар коршиносон, омўзгорон, маводи таълимӣ таҷҳизоти типографӣ интиқол дод. 21 марти ҳамон сол созишномаи ҳарбӣ-сиёсӣ баста шуд. Тоҷикистон чун як ҷузъи Ҷумҳурии Бухоро ба ин созишномаҳо ворид шуд ва пас аз ба даст овардани мухторият аз c.1924 нуктаҳои он созишномаҳоро иҷро намуд. Мавриди зикри хос аст, ки маҳз ба шарофати инқилоб ва сиёсати дурандешонаи миллии В.И.Ленин ва И.В.Сталин халқи тоҷик озод гашта, пас аз 1025 сол соҳиби давлати худ шуд.
Дар Тоҷикистон амалан саноат набуд, диққати асосии Маскав низ ба пахтакорӣ нигаронда шуд ва ҷумҳурии мо базаи асосии пахтаи маҳиннах гардид. Аз охири солҳои 20-ум сар карда, сохтмони шабакаи васеи канали обёрии Вахш бо азхудкунии 100 ҳазор га оғоз шуд ва минбаъд канали Ҳисор, шабакаҳои обёрӣ дар вилояти Суғд барои обшор кардани заминҳои зиёди обӣ шуд, ки дар аксари он пахта мекориданд. Ва истеҳсоли он аз 37,1 ҳазор тоннаи соли аввали панҷсолаи 1-ум соли 1937 ба 178,4 ҳазор т. ва соли 1980 ба 1 миллион тонна расонда шуд.

пешина
аз 601
навбатӣ