ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАНГИ ДУЮМИ ҶАҲОНӢ
Дар давраи ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон ҳамон ҳолате рух дод, ки дар айёми ҷанги якуми ҷаҳонӣ воқеъ шуда буд: қашшоқӣ, қиматӣ, қаҳатӣ, пастравии истеҳсолот. Илова он шуд, ки аксари мардони қобили меҳнат ба ҷабҳаи ҷанг рафтанд ва як қисми онҳо дар заводҳои ақибгоҳи Русия хизмат карданд. Аз Русия кашонда овардани ғалла хеле кам шуд. Бинобар ин, ҳаракати бо ғаллаи худӣ таъмин кардани ҷумҳурӣ ба амал омад ва бо ин ҳаҷми пахта -моли асосии содиротӣ аз 181 ҳ. тоннаи ссоли 1941 дар соли 1944 ба 81,1 ҳ. т фаромад.
Зимни ҳаракати умумихалқӣ аз ҳисоби шахсии шаҳрвандони Тоҷикистон 84 млн. рубл барои колоннаи танкӣ ва 35 млн. рубл барои дастаи самолётҳои ҳарбӣ интиқол гардид, ба ҷанговарон ҳазорҳо вагон озуқаворӣ, тамоку, консерва, ширинӣ, барои ёрӣ ба хоҷагиҳои минтақаи аз ҷанг зарадидаи Русия ва Украина аз Тоҷикистон даҳҳо ҳазор сар чорво фиристода шуд.
Илова бар ин, ҳазорҳо занону кўдакони бе сарпаноҳмонда, як қатор корхонаҳои Русия, инчунин киностудияи «Союздетфилм» бо садҳо коргарони худ ба Тоҷикистон оварда шуданд. Дар ҳудуди Тоҷикистон чандин госпитал ба истифода дода шуд, ки маҷрўҳони ҷангро табобат мекарданд. Бисёр пизишкони аълодараҷа ба ҳудуди Тоҷикистон омада, ҳаёти минбаъдаи худро бо ин сарзамин пайвастанд. Халқи тоҷик ҳамаи онҳоро бародар хонд.
Ана аз ҳамин ҷост боварии мардуми ин кишвар ба Русия ва халқи оддии он. Ба ин хотир фарзандони тоҷикистониён бо вуҷуди мушкилоти зиёд маҳз ба Русия рафтан мехоҳанд. Ва шигифтангез аст, ки пас аз ҳамаи ин «бародархониҳо» ба шарофати як қатор сиёсатмадорон Русия Осиёи Миёнаро бо ҳама мушкилоташ танҳо гузошт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо