ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Эмомалӣ Раҳмони дар хориҷи кишвар ҳанўз ношинос, аввали солҳои 90-ум дар сиёсати дохилии кишвар ва сипас дар муносибатҳои байналмилалӣ мақоми баланд пайдо кард.
Бешак, худи ў ба хубӣ дарк менамояд, ки маҳз он вазъияти фавқулодаро ба ўҳда гирад, ҳанўз моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шўрои Олӣ дар Хуҷанд (дар ҳоли идомаи ҷанги шаҳрвандӣ барпо кардани он дар пойтахти ҷумҳурӣ илоҷ надошт) Эмомалӣ Раҳмон баъд аз он ки дар ин ҷо ўро Раиси Шўрои Олӣ, Сардори давлат интихоб намуданд, ба таври муҷаз, аммо хеле возеҳ барномаи сиёсии худро иброз дошт: «Баҳри истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон ва бозгашти ҳамаи гурезаҳо ман тайёрам, ҷони худро нисор кунам».
Шаҳрвандони Тоҷикистон баъд аз он на як бору ду бор яқин карданд, ки ў ин суханонро на барои изҳори фазл ва ба худ кашидани таваҷҷуҳи доираҳои баланди сиёсӣ гуфтааст.
Барои мисол кофист, ёдовар шавем, ки охири соли 1996 дар арафаи ба имзорасии Созишномаи умумӣ оид ба истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон, вақте ки зарурат пеш омада буд, Президент Эмомалӣ Раҳмон барои вохўрӣ бо роҳбари мухолифини яроқнок бе ҳеҷ дудилагӣ ба яке аз нуқтаҳои доғи Афғонистон - Хосдеҳ парвоз намуданд. Бечунучаро, ин амал аз Президент ба ғайр аз нияти ҷазм дар роҳи истиқрори сулҳ ҷасорату мардонагии беназири шахсиро низ тақозо мекард.
Шахсияти Президент Эмомалӣ Раҳмон, қисмати ў аз бисёр ҷиҳат беҳамто ва нотакрор аст, вале ҳамзамон худи айёме, ки мо ба сар мебарем, низ ба худ назир надорад ва пур аз ҳаводиси ногаҳонист. Оё ҳанўз панҷ-шаш сол муқаддам касе тасаввур карда метавонист, ки дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, ки ҳатто баъд аз оғози бозсозии шўравӣ истеҳкоми фатҳнопазири сотсиализми тоталитарӣ (ҳамаро фарогиранда) маҳсуб мешуданд, тартибот шикаст мехўраду ҳизби коммунист бо усулҳои номенклатурии тақсими вазифаҳо мавқеи худро аз даст медиҳад, ба сари қудрат бошад, фарзанди чилсолаи деҳқони хокпош, ки қаблан сарвари як хоҷагии начандон калон дар Данғараи навкорам буд, меояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё