Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Мартабаи баланди сиёсӣ, ки барои Эмомалӣ Раҳмон аз қазову қадар арзонӣ шудааст, барои чунин хулосаи ҷасурона асос буда метавонад: касе аз модар президент таваллуд намешавад, президентон дар рафти муборизаҳои тезутунди сиёсӣ арзи ҳастӣ мекунанд. Бо мурури замон ҳатто ашаддитарин мухолифони Эмомалӣ Раҳмон, ки сарнагуншавии бармаҳали ўро пешгўӣ менамуданд, лоҷарам иқрор хоҳанд кард: Президент Эмомалӣ Раҳмон, ки дар худ як ҷасорати сиёсӣ пайдо кард, то дар айёми мубҳам ва печ дар печ сарварии кишварро ба ўҳда гирад, чун сиёсатмадори дурандеш ташаккул ёфту ба таври назаррас касби камол кард ва соҳиби фазилатҳои хоси сарварони миқёси ҷаҳонӣ гардид, ки ин таҷассуми пурбардоштӣ ва хиради халқ аст. Яке аз рўзномаҳои оппозитсионӣ, ки дар хориҷи кишвар интишор мешавад ва дар таваҷҷуҳ ба Президент Эмомалӣ Раҳмон аз он гумонбар шудан душвор аст, дар замони худ навишта буд: «Агар гап сари масъалаҳои дуюминдараҷа равад, Эмомалӣ Раҳмон гузашт карда метавонад, вале чун кор ба вазифаҳои ҳаётан муҳим оид гардад, ў чун кўҳ пойдору маҳкам аст».
Вақте ки ин навиштаҷотро манзури Эмомалӣ Раҳмон гардонданд, ў бо лабханд гуфт: - Аҷаб не, шояд ҳамин тавр ҳам бошад… Фаромўш накунед, ман дар Флоти ҳарбии баҳрӣ хизмат кардаам. Се соли расо, аз соли 1971 то 1974 дар киштии ҷангӣ арзу тўли Баҳри Сиёҳ ва Уқёнуси Оромро чен кардам.

пешина
аз 601
навбатӣ