ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Марзу буми Осиёи Марказӣ, ки дар он ва даштҳои ҳамҷавор аз қадимулайём халқҳои эронитабори забону урфу одатҳояшон ба ҳам наздик маскан доштанд, аз хуни рехтаи истилогарон ва «наҷотдиҳандагон»-и бешумори аҷнабӣ лолагун гардида буд. Дар баробари ин, аз ҳамон давраҳо заминаи маънавии ин куҳандиёр ба меодгоҳи таърихӣ ва пурғановати тамаддуни Шарқ ва Ғарб табдил ёфт. Аз паси пардаи дуду оташ, ки майдонҳои ҳарбу зарбро фаро гирифта буданд, табодули байналмилалии фарҳангӣ ҷараён дошт.
…Алҳақ, садаи даҳум барои миллати мо асри тиллоӣ маҳсуб мегашт. Барои мо, тоҷикон аҳамияти фарҳангиву таърихии он давра ба андозаест, ки асри понздаҳум барои итолиёиҳо, шонздаҳум барои инглисҳо, ҳабдаҳум барои франсавиҳо, ҳаждаҳум дигараш барои олмониҳо, нуздаҳум - барои русҳо ва бистум, эҳтимол аз рўи бисёр нишонаҳо - барои америкоиён дорад. Тазаккури фақат ҳамин чиз кофист, ки худи ғояи гуманизм (одамият) дар муҳити фарҳангиву таърихии Аҷам, сарзамини аҷдодии мо бархостааст.
Ягон тасодуф нест, ки баъд аз он, ки истиқрори сулҳ ба даст омаду раванди дигари боз ҳам душвору мадид – мустаҳкамкунии давлатдории миллӣ ва ба ҳайси як воҳиди мустақил ботадриҷ пайвастани кишвар ба ҷомиаи кунунии ҷаҳонӣ шуруъ шуд, Президент Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи зиёиёни тоҷикро дар роҳи худогоҳии давлатдории миллӣ ба асри даҳ – замони шукуфоии давлати Сомониён кашид.
Маҳз дар ҳамин давра шакл гирифтани давлатдории халқи тоҷик, принсипи ҳамзистии осоишта ва ҳамсоягии нек рукни асосии сиёсати давлатӣ гашт, ки ба рўҳу анъаноти мардуми сулҳпарвари фарҳангдўст ва барои табодул ҳамеша омода пурра ҷавобгў буд.
Аз таҷрибаи таърихии халқи тоҷик, ки борҳо аз тарафи истилогарони аҷнабӣ ранҷу озор дидааст, вале ҳаргиз ба рисолати миллии худ хиёнат накардааст, сабақҳои дўстӣ ва ҳамсоягии нек бармеояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё