ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Тоҷиконро ба ин чиз қабл аз ҳама мероси ғании маънавӣ, фарҳанг, муттасилии анъанаҳо ҳидоят менамояд. Онҳо ҳаргиз шаъну шараф ва ифтихори миллии худро доғдор накардаанд.
Туркҳо дар асри XI кўшиши зиёд ба харҷ доданд, то ки давлати тоҷиконро ба худ мутеъ созанд, аммо дар айни замон принсипҳои идораи давлат, анъанаҳо ва расму оини тоҷиконро пурра қабул намуданд, забони давлатӣ низ ҳамоно тоҷикӣ буд. Ба қавли шарқшиноси шинохтаи маҷор Герман Вамбери, тоҷикон баъд аз гирифтории асорат низ нисбати истилогарони худ мақоми мутамаддинсозиро ишғол менамуданд.
Ғояи ҷашнгирии 1100-солагии давлати Сомониён дар соли 1999 аз ибтидо барои ба даст овардани ваҳдати миллӣ равона шудааст ва ягон даъвои дигаре дар Осиёи Марказӣ надорад. Беҳуда нест, ки ҳангоми матраҳи ин ғоя дар вохўриҳо бо зиёиён, занон, ҷавонон ва ғайра Президент Эмомалӣ Раҳмон гаштаю баргашта таъкид мекунад, ки ҷуғрофияи сиёсии гузашта ба ҳеҷ ваҷҳ набояд ба воқеияти ҳаёти кунунӣ таъсир расонад.
Баъди муваффақ шудан ба истиқлолияти давлатӣ, вақте ки имкони ташаккули шаклҳои нави идоракунии сиёсӣ ва иқтисодӣ даст дод, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президент бо мамониатҳои зиёди объективӣ рў ба рў шуд, ки хоси давраи гузариш аз ҷомеаи тоталитарӣ ба демократӣ мебошанд ва ҳар касе, ки дар худ ҷасорат пайдо кардаву зимоми киштии раҳнаёфтаро ба даст мегирад, бояд онҳоро аз сари роҳи худ дур кунад.
Ҳоҷати гап ҳам нест, ки ба Эмомалӣ Раҳмони аз бозиҳои сиёсӣ бохабар ҳангоми ба сари қудрат омадану ба гирдоби муборизаҳои сиёсӣ ворид шуданаш чӣ мероси гароне монда буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё