Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Чаро чунин «артиши» бузург дореду (ба собиқ муштариёни ў ишора мекунам) аз онҳо истифода намекунед?- шўхиомез мепурсам аз табиб. Ў маҳзунона табассум мекунад: - Ман борҳо таърихчаи тиббии онҳоро ба шўъбаҳои дахлдори Вазорати тандурустӣ, Раёсати тандурустии вилоят пешниҳод кардам. Ҳатто борҳо ба роҳбарон ва кураторони соҳа аз мақомти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Хуҷанд муроҷиат кардам, вале ҳеҷ натиҷа надод… Ман фолбин ё ба истилоҳи дигар экстрасенс нестам,- ба дард мегўяд ў.- Балки ягона табиби соҳибдипломи тоҷикам, ки дар мактаби Константин Бутейко таҳсил гирифтаам. Бубинед, ки муроҷиатҳои маро дар тамоми сатҳҳо нодида гирифтанд. Ниҳоят маҷбур шудам аз ниҳодҳои масъули соҳаи тибби кишвар хоҳиш кунам, ки даҳ беморро, ки дарди музмин доранд, ба ихтиёри ман гузоранд ва даҳ нафари дигарро ба ихтиёри яке аз бемористонҳои пешрафтаи вилоят супоранд. Комиссияи босалоҳияте таъсис диҳанду воқеъбинона санҷанд, ки усули табобатии Бутейко манфиатовар аст ва ё хайр. Вале сад афсўс, ки ҳатто ин пешниҳоди маро низ қабул накарданд.
Мирзоқурбон Ҳамдамов барои тарвиҷи ин усули замони Шуравӣ собит шудааст, аз мақомот маблағ ё бино намепурсад. Барои ў ҳамин чиз кофист, ки ҷиҳати бунёди маркази нав, ки имконияти қабули бештари беморон ва ҷалбу тарбияи мутахассисони ҷавонро дорад, қитъаи замин ҷудо кунанд. Барои беморони илоҷнаёфта, ки аз зиндагӣ дасту дил шустаанд, як равзанаи умед боз кунанд.
Гаштаву баргашта ба худ суол медиҳам, ки чаро як хоҳиши хеле хоксоронаи ягона шогирди Бутейкои машҳур дар кишвари мо, ки ҳадафаш хизмати мардуми оддист, ҷавоби рад мегирад?

пешина
аз 601
навбатӣ