ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Вале, -мегўяд ў- агар 25 сол қабл аҳволи маро медидед бовар намекардед, ки ин қадар умри бобаракат мебинам. Вазъам комилан хароб буд, бемориҳои қалб, ҷигар, меъда ва аз ҳама даҳшатовараш диққи нафас маро лаҳзае ором намегузошт. Аз зиёд дар бемористонҳо табобат гирифтан ҳатто роҳи хонаро фаромўш карда будам.
Ҳар лаҳза каф-каф дору истеъмол мекардам. Ба табобати бидуни истеъмоли дору бовар намекардам. Вале маҷбур шудам, ки ба Мирзоқурбон муроҷиат кунам. Бовар кунед баъд аз бист рўзи табобат ҳатто фаромўш кардам, ки дору чист…
Баъд аз табобат ёфтанам дар маркази табобатии «Ҳамдам» ҳамсарам ба ман гуфт, ки чанде пеш аз сиҳатшавии ту умед канда, бо маслиҳати муйсафедон тўшаи охирататро омода карда будем, - нақл мекунад А. Ҳамроқулов.
Ман бошам комилан аз зиндагӣ умедамро канда будам,
-ба сўҳбат ҳамроҳ мешавад Абдуллоев Ёқубҷони 29-сола.
Ман ба бемории норасоии музмини гурда гирифтор будам.
Чанд муддат дар Пажўишгоҳи гастроэнтрологӣ бистарӣ будам. Баъд аз ташхиси ҳамаҷониба табибон ба хулосае омаданд, ки ба ҷуз иваз кардани гурдаҳо дигар чора нест.
Вале ман агар хонаву дари худро фурўшам ҳам маблағи заруриро пайдо карда наметавонистам. Бо маслиҳати як нафар дўстон ба Маркази саломатии «Ҳамдам» муроҷиат намудам. Инак беш аз як сол аст, ки дар ин ҷо табобат мегирам ва дигар аз диализ (тоза кардани хун аз заҳролудшавӣ) даст кашида, миқдори истеъмоли доруро низ бамаротиб кам кардаам.
Сарнавишти дигарон, мисли Фозилова Бисаноат, Амонов Атҳам, Ғафурова Гулчеҳра, ки дар маркази мазкур шифо ёфтаанд низ ҳамин тавр аст.
Дархости ягонаи мо аз шумо журналистон танҳо ҳамин аст, ки ба Мирзоқурбон Ҳамдамов кўмак расонед, кори ўро таблиғ кунед то дигарон низ бохабар шаванду мисли мо аз беморӣ наҷот ёбанд, -вақти хайрухуш хоҳиш мекунанд наҷотёфтагон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор