ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Мукофотҳо: Ордени Шараф (2012)-барои ҳиссаи намоён гузоштан дар пиёда сохтани сиёсати хориҷии ФР ва фаъолияти бисёрсолаи шоён.
Нишони фахрии «Барои хидмати намоён»(2004).
Унвони дипломатии Сафири дараҷаи I дорад. Дар кори дипломатӣ аз соли 1978.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русияро муносиботи қавии стратегӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ ба ҳам мепайванданд. Имрўз кишварҳои мо дорои ҳамкориҳои ҳасанаи тарафайн судманд ҳастанд, ки ҷавобгў ба манофеи миллии ҳар ду ҷониб буда, дар вохўрии ахири сарони ду кишвар дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия ин нукта маротибаи дигар амиқан баён шуда, баҳри боз ҳам густурдатар гардидани муштаракот гоми навбатӣ гузошта шуд. Оид ба сатҳи имрўзаи муносиботи ҷонибҳо ва дурбинии рушди он бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Федератсияи Русия дар Тоҷикистон ҷаноби Игор Семёнович Лякин-Фролов сўҳбат оростем.
-Ҷаноби сафир, Шумо тайи 3 сол аст, ки намояндагии дипломатии Федератсияи Русияро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳбарӣ мекунед, шоҳид ва иштирокчии бисёр воқеоте, ки тўли ин муддат дар кишвари мо рўйи кор омаданд, низ будед. Аз нигоҳи Шумо, дар ин муддат чӣ тағйироте дар самти равобити дуҷониба рўйи кор омаданд ва вазъи ҳозираи муносибот миёни кишварҳои моро чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
-Бояд қайд кард, ки муносиботи мо дар ҳама самтҳо раванди мусбиро касб кардааст. Дар ҷодаи сиёсат равобит муваффақона аст, танҳо дар муддати аз 15 сентябр то 15 октябри соли ҷорӣ сарони кишварҳои мо се маротиба бо ҳам вохўрӣ доир намуданд. Дар диди бисёр масоили байналмилалӣ мавқеи Русия ва Тоҷикистон ба ҳам наздик ё тавъам ҳастанд, ки ин имконияти мусоидеро баҳри ҳамкориҳои тарафайн муфид дар чунин созмонҳои байналмилалие чун СММ, СҲШ, САҲШ, СПАД, ИДМ фароҳам меорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор